arzon replenishment
Кӯдак чанд соат бояд хоб кунад?
633

Вақти хоби кӯдакон вобаста ба синну солашон гуногун шуда, дар рушди кӯдакон нақши бузург мегузорад. Тадқиқотҳо нишон додаанд, ки хоб бо вуҷуди он ки ба инсон оромиш ва болидарӯҳӣ мебахшад, ҳамчунин, ҳолатҳои ногувори стрессро аз байн бурда, ба азхудкунии луғат ва омӯзиш ва хотира таъсири мусбат мерасонад. Маҳз дар вақти хоб инсон маълумоти давоми рӯз гирифтаашро коркард ва азхуд менамояд.

Хоб ба рушди ҷисмонии кӯдак низ нақши муҳим дошта, дар ду соати аввали хоби шаб қариб 80 фисади ҳормонҳо зиёд мегарданд.

Кӯдак соати муайни хоб дорад?

Академияи тиббии амрикоии хоб чанд сол қабл тавсияҳоеро нашр кард, ки меъёрҳои миёнаи хобро барои кӯдакони синну соли гуногун муайян мекунад. Ин рақамҳо метавонанд роҳнамоӣ кунанд, ки оё кӯдаки шумо хоби кофӣ дорад ё не, аммо дар хотир доред, ки миқдори хоб метавонад дар байни кӯдакон ва наврасон аз инкишофёбии ҷисмӣ ва равонии онҳо фарқ кунад.

  • Навзодон: 14-17 соат (11-13 соат ва 18-19 соат қобили қабул).
  • Кӯдакони 4-12 моҳа: 12-16 соат (10-11 соат ва 16-18 соат қобили қабул).
  • Кӯдакони 1-2 сола: 11-14 соат (9-10 соат ва 15-16 соат қобили қабул аст).
  • Кӯдакони 3-5 сола: 10-13 соат (8-9 соат ва 14 соат қобили қабул аст).
  • Кӯдакони 6-12 сола: 9-12 соат (7-8 соат ва 12 соат қобили қабул аст).
  • Наврасони 13-18 сола: 8-10 соат (7 соату 11 соат қобили қабул аст).

 

“Соатҳои тиллоии хоб” кадом аст?

Консепсияи «соатҳои тиллоии хоб» ба он асос ёфтааст, ки барои ҳаёти инсон муҳим аст, аз соати 22:00 то 01:00 маҳсуб меёбад, вале тадқиқотҳои олимони дигар ин андешаро рад карда гуфтанд, ки хоби амиқтарин дар давоми ду давраи аввали хоби шаб рух медиҳад, ки новобаста аз он ки кӯдак ё калонсолон кадом вақт хоб меравад.

Аломатҳои бехобӣ кадомҳоянд?

Вақте кӯдак хоби ором ва лозимиро нагирад, ҳолати равониаш дигар мешавад. Ҳамчунин бо сабаби бехобӣ беҳолатии умумии бадан, зуд хасташавӣ, кам шудани фаъолияти ҷисмонӣ, масалан, ҳангоми бозӣ кардан тез монда мешавад ва ба сайру гашт рафтан намехоҳад, ба монандӣ инҳо рӯ ба рӯ месозад..

Чӣ бояд кард, то кӯдак хоби роҳат дошта бошад?

Бо мақсади беҳтар ва муфид намудани хоби кӯдак шумо бояд шароитҳои зеринро фароҳам оред:

Шароити қулай дар хонаи хоби кӯдак. Ҳарорати ҳаво дар ҳуҷра бояд 20-22 ° C, намӣ 40-60 фисад бошад.

Бистари бароҳат. Гаҳвора бояд ба синну соли кӯдак мувофиқ бошад, курпаи хоб (матрас) бояд сахтии мӯътадил дошта бошад.

Фаъолияти ҷисмонии кофӣ. Барои он ки кӯдак хуб хоб кунад, ӯ бояд дар давоми рӯз ба таври мӯътадил хаста шавад, аммо аз ҳад зиёд мондашавӣ, баръак хобашро нороҳат месозад.

Нур ва садо. Ҳуҷрае, ки кӯдак хоб меравад, бояд хеле ором бошад. Чароғҳо бояд хомӯш карда шаванд. Барои фарзандатон қоидаҳои муайяни хобро таҳия кунед, то ки ӯ ба онҳо одат кунад ва дар шароити шинос ба осонӣ хоб кунад.

- Кӯшиш кунед, ки шом аз хӯрдани ғизоҳои ширин, хусусан хӯрокҳое, ки дар таркибаш кофеин дорад, худдорӣ намоед. Чунки ширинӣ системаи асаби кӯдакро ба ҳаяҷон оварда, ба хобашон бетаъсир намемонад.

- Пеш аз хоби кӯдак кушиш кунед, ки тамошои экранро маҳдуд намоед. Масалан, ду соат пеш аз хоб, шумо бояд тамошои филмҳои тасвирӣ дар оинаи нилгун, телефон, планшет қатъ намоед.

- Машқҳои сабукӣ шабона, системаи асаби кӯдакро суст карда, ӯро ба хоб омода мекунад.

- Барои кӯдакони то яксола, одатҳо - ин иваз кардани уребча, маҳси сабук, ба оғуш гирифтан, тамошои тасвирҳо ва сипас ба хобондани он бошад. Барои кӯдакони калонтар бошад, пӯшидани пижама, сӯҳбат дар бораи корҳои рӯзона анҷом дода ва хондани афсона муфид мебошад.

Маслиҳати мутахассис, махсусан, духтури кӯдакона дар ҳама ҳолат барои муайян кардани саломатии кӯдаки шумо муфид аст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД