formula55
Кӯдаки 3-сола зери чархи Спринтер монд
473


Беэҳтиётии ронандагон ва пиёдагардон аксаран боиси сар задани ҳодисаҳои нохуши нақлиётӣ мегардад.

Бадбахтона хатои калонсолон гоҳе боиси марги кӯдакони бегуноҳ гашта, дар дили падару модар ва аҳли оила доғи абадӣ мениҳад...

Вазорати корҳои дохилии кишвар аз марги фоҷиавии кӯдаки 3-сола бар асари садамаи нақлиётӣ хабар додааст. Ин ҳодисаи нохуш рӯзи 22-апрел сар зада, писарчаи 3-сола зери чархи Спринтер мондааст.

“Санаи 22-юми апрели соли 2024, тахминан соати 11:00, ронандаи нақлиёти мусофиркаши тамғаи “Мерседес Бенс Спринтер”, Бурунов Музаффар Каримович, соли таваллудаш 1971, сокини шаҳри Ваҳдат, ҳангоми ҳаракат ба самти бозори марказии шаҳри Ваҳдат дар назди беморхонаи марказӣ пиёдагарди хурдсол Маҳмудзода Муҳаммад Тоҳир, соли таваллудаш 2021, сокини шаҳри мазкурро, ки аз дасти бобояш Лашкаров Маҳмадамин Холназарович, соли таваллудаш 1957, канда намуда, давида ба роҳи мошингард баромадааст, пахш кардааст.

Дар натиҷа, хурдсол Маҳмудзода М.Т. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расид”-навиштааст манбаъ.

Дар робита бо ин ҳодисаи нохуш аз тамоми ронандагон ва падару модарон хоҳиш карда мешавад, ки ҳангоми ҳаракат дар роҳ эҳтиёт бошанд ва махсусан кӯдаконро бе назорат нагузоранд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД