arzon replenishment
КӮДАКИ СЕРДАНДОН
22.08.2021
Оила
921

Моҳи августи соли 2019 табибони шаҳри Ченнайи Ҳиндустон 526 дандони зиёдатии кӯдаки 7-солаеро бо номи Равиндранат канда буданд.

Ин дандонҳои зиёдатӣ Равиндранатро ҳанӯз аз 3-солагиаш азоб медоданд.

Варами рухсораҳои кӯдак рӯз то рӯз зиёд мешуд ва билохира, волидонаш ӯро ба беморхона бурданд. Ҷарроҳӣ 5 соат давом кард ва табибон 526 дандони андозаашон аз 0,1 то 15 мм-ро канданд. Ҳоло Равиндранат 21 дандони солим дорад ва ба гуфтаи дандонпизишкон, дандонҳои зиёдатии ӯ дигар намесабзанд.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД