arzon replenishment
Кӯдаки Таманноро кӣ кушт?
2338

 

Таманно ном дорам, соли таваллудам 1992. Бо амри тақдир бо ҷӯраи бародарам хонадор шудам.

Шавҳарам ду кӯча аз мо боло зиндагӣ мекард ва қариб ҳар рӯз ба хонаамон омада, то намози шом бо акаам чақ-чақ карда менишаст. Бачаи хуб менамуд, барои ҳамин падару модарам нею нестон накарда, хостгории волидони ӯро қабул намуданд. Аз рӯзҳои аввали зиндагӣ тамоми кору бори хонаи шавҳарамро карда, меҳмонҳои зиёдеро, ки қариб ҳар рӯз аз дари хонаи хусурам медаромаданд, ҳамеша бо лабони пурханда пешвоз мегирифтам ва бо обу иззат гусел мекардам. Хусуру хушдоманам маро баробари ҷонашон дӯст медоштанд, лекин шавҳарам бо ҳар баҳона маро лату кӯб мекард, болои муштзӯриаш духтарбоз буд, шабҳо аз волидонаш пинҳонӣ аз тиреза парида ба назди маъшуқаҳояш мерафт. Шарм надошта ошкоро ба ман мегуфт, ки шабро дар оғӯши Нилуфар, Шоҳида ва Сабрина саҳар мекунад ва таъкид менамуд, ки агар дар ин бора ба падару модараш даҳон кушоям, сарамро аз танам ҷудо мекунад.


Қарор додам, ки пеши роҳи келинро худам мегирам. Қабл аз ин Наргис бо баҳонаи дарди гурда тез-тез “ман ба духтур меравам” гӯён аз хона мебаромад ва то бегоҳ гум мешуд.


Аз тарс лаб зери дандон гирифта, шаб то саҳар тани танҳо болиштро оғӯш карда хобиданамро ба касе намегуфтам. Боре падару модарам маро хабаргирӣ омаданд. Ҳамон рӯз шавҳарам маро бо тасма чунон бераҳмона зада буд, ки дар баданам ягон ҷойи обод намонд. Барои он ки волидонам шатта хӯрданамро нафаҳманд, як қуттӣ пудра молидам, то сиёҳиву кабудии рӯям нанамояд. Модарам чизеро пай бурда, хеле кунҷковӣ кард, аммо сир бой надода, таъриф кардам, ки шавҳарам бисёр меҳрубон аст. Шавҳарам ба ҷойи раҳмат гуфтан, ки сирри ӯро пинҳон доштам, баъди рафтани падару модарам маро дубора чунон лагадкӯб намуд, ки аз ҳуш рафтам. Як рӯз пас чашмонамро кушода худро дар беморхона дар ҳуҷраи эҳёгарӣ дидам. Модарам дар болои сарам нишаста гиря мекард. Тифлаки батнам аз мушту лагади падараш мурда хунам хеле бисёр рафта будааст, табибон бо ҷонбозиҳои бисёр маро аз панҷаи марг наҷот доданд. Шавҳарам аз тарси он ки ман ба милиса шикоят мекунаму ӯро ба пушти панҷара мешинонанд, фавран чипта харида ба Русия парвоз кардааст. Вай дар ҳамон ҷо ҳам маро ором нагузошта, ҳар шаб аксҳои бо занҳои урёни сабукпо оғӯш ба оғӯш гирифтаашро мефиристад ва маро дашному ҳақорат дода мегӯяд, ки инҳо сад бор аз ту беҳтаранд. Дигар сабру тоқатам намондааст, агар ҳамин тавр давом кардан гирад, ягон рӯз даст ба худкушӣ мезанам…


Ба даҳшат афтида, гиря кардам, ба сару рӯйи Фаррух бо мушт зада дод гуфтам, ки барои чӣ ин корро кардӣ, акнун ман ба падару модарам чӣ ҷавоб медиҳам...


 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД