sebiston july new
Кӯдакистон барои калонсолон
1193

Дар Эдинбурги Шотландия боғчаи бачагон барои калонсолон - "Big Kid Kindergarten" кушода шуд. Ҳадаф аз он иборат аст, ки ба калонсолон имкон диҳанд, то мушкилоти худро барои муддате фаромӯш кунанд ва кӯдак шаванд. Дар ин бора расонаҳои хориҷӣ хабар доданд.

Мураббӣ Солейл Кол муассисаро соли 2023 кушод. Ба гуфтаи ӯ, ҳамагӣ бо пардохти 11 евро калонсолон метавонанд дубора ба олами кӯдакон ғарқ шаванд. Шахсони аз 16-сола боло иҷозат дода мешаванд

Дар давоми рӯз мардону занон метавонанд аз лаҳзаҳои бозӣ лаззат баранд, маҷмӯаҳои сохтмонӣ созанд, ҳунарҳои гуногун эҷод кунанд, афсонаҳои ҷолибро гӯш намоянд, расмкашӣ кунанд ва ҳатто қалъаҳои қумӣ созанд.

Мутахассиси сертификатдор чунин мешуморад, ки мондан дар чунин кӯдакистон таъсири табобатӣ дорад. Майна истироҳат мекунад, аз ташвишҳои муқаррарӣ ва ҳаррӯза озод мегардад.

Калонсолон, инчунин, метавонанд дар он ҷо дӯстони нав пайдо кунанд. Илова бар ин, ба таври нав бо ҳамдигар муошират мекунанд ва созиш меҷӯянд.

"Ин муҳимтарин лоиҳаест, ки ман то ҳол анҷом додаам",- гуфтааст мураббӣ Солейл Кол.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД