Gazprom july 2025
Кӯдакон ба муқобили бемории сурча ва гулафшон эм карда мешаванд
58

Аз 25-уми август то 6-уми сентябр дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон гузаронида шуда, ба кӯдакони аз 6-моҳа то 5-солаю 11-моҳаю 29-рӯза ба муқобили ин бемориҳо ваксина гузаронида мешавад.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар, эмкунии кӯдакон ба муқобили бемориҳои сурхча ва гулафшон дар шаҳрҳои Душанбе, Ваҳдат, Ҳисор, ноҳияҳои Рӯдакӣ, Варзоб, Қубодиён, Данғара, Шаҳритус, Кӯшониён, Восеъ, Вахш, Фархори вилояти Хатлон, шаҳрҳои Панҷакент ва Исфараи вилояти Суғд гузаронида шуда, ба кӯдаконе, ки аз 6-уми сентябри соли 2020 то 6-уми марти соли 2025 таваллуд шудаанд, вояи доруи зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон гузаронида мешавад.

Иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон дар минтақаҳои ҷумҳурӣ ба он хотир гузаронида мешавад, ки ҳолатҳои гирифторӣ ба ин гуна бемориҳо пешгирӣ карда шаванд.

Хотиррасон менамоем, ки сурхча бемории шадиди сироятӣ буда, боиси баланд шудани ҳарорати бадан, илтиҳоби роҳҳои нафас, сулфа, сурхшавию ашкрезии чашмон ва пайдоиши доначаҳои сурх дар пӯст мегардад. Барангезандаи беморӣ вирусҳое мебошанд, ки бо воситаи ҳаво аз шахси бемор ба шахсони осебпазире мегузарад, ки дар вақташ мувофиқи тақвими миллӣ бар зидди ин беморӣ иммунизатсия карда нашудаанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД