formula55
Кӯдакон дар Иди Қурбон идгардак мекунанд ё не?
518

Иди Қурбон, ки яке аз ду ҷашни бузурги мусалмонон аст, имсол ба рӯзи 16-уми июн рост меояд. Дар ин бора муфтиёти як қатор кишварҳои мусалмонӣ дар пайи ҳисобҳои пешакии худ хабар додаанд. Дар Тоҷикистон дар мавриди рӯзи баргузории Иди Қурбон ҳанӯз расман чизе гуфта нашудааст.

Чанде пеш вакилони палатаи поёнии парлумони кишвар бо ворид кардани тағйирот ба қонунгузорӣ идгардаки кӯдаконро манъ карданд. Тарҳи мазкур қарор аст рӯзи 19-уми июн дар иҷлосияи Маҷлиси миллӣ баррасӣ ва баъди он хулосаи ниҳоӣ бароварда шавад.

Зайнаб Ҳусейнова, сухангӯи Кумитаи дини Тоҷикистон дар мавриди иҷозаи идгардаки кӯдакон дар Иди Қурбон гуфт, ки то ҳол тарҳи нав қувваи ҳуқуқӣ надорад. Бинобар ин, зимни баргузории ҷашну маросим меъёрҳои амалкунандаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” эътибор дорад.

“Дар қисми 4-и моддаи 7-и Қонун омадааст: Дар рӯзҳои иди Рамазон ва Қурбон дастархони маънавӣ ва камхарҷи идона ороста шуда, ба исрофкорӣ ва зиёдаравӣ роҳ додан манъ аст”. Тавсияи мақоми ваколатдор низ ба ҳамватанон ин аст, ки аз ҳама гуна исрофу зиёдаравӣ худдорӣ кунанд, махсусан гаштугузори фарзандони худро назорат кунанд, то бетаваҷҷуҳӣ дар ин масъала бо ҳодисаҳои нохуше анҷом наёбад”,- гуфт ин масъули Кумитаи дин.

Интизор меравад, ки ин охирин ид бо идгардаки кӯдакон мешавад, зеро баъди қабули тарҳи нав он расман манъ мегардад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД