formula
Келинчаки ошиқбоз
6760

Эркатулфор

Ҳошим дар хонадони амаки Раҳим писари сеюм бошад ҳам, аз хурдӣ эркачаи падару модар буд. Барои аҳли оила ҳар як сухани «кенҷатой» қонун буд ва тамоми хоҳишҳояшро бе чуну чаро иҷро мекарданд. Ҳамин тавр солҳо турнасон гузаштанду бародарон қад кашида, мардбача шуданд ва падару модар дар фикри ҷуфт кардани сарашон афтиданд. Писарҳои калониро бо майли дили худ хонадор карда, амаки Раҳиму холаи Хосият азм намуданд, ки акнун барои эркачаашон келин оварда ормон мешикананд. Пиру кампир аз деҳаи худашон духтараки зебою нозукандоми боиффатеро таги чашм карда дар тараддуди тӯй шуданд. Модар бо сад орзую ҳавас кӯрпаю болин ва ҷомаи домодӣ медӯхт ва ҳар ҳафта ба бозор рафта, барои арӯси писараш куртаҳои зебо мехарид, вале эркатулфор дар як дам тамоми орзуҳои волидонро ба хоки сиёҳ яксон карда, гуфт:

-Ман арӯси шумо ёфтагиро ба занӣ намегирам! Санам ном духтаракеро дӯст медорам ва ба ғайр аз вай бо ягон кас хонадор намешавам. Санами ман чунон нозанин аст, ки тамоми духтарҳои ҷӯгимонанди деҳаи шумо ба нохуни пояш намеарзанд….

-Бачам, охир мо авлоду аҷдоди духтара надонем, нашиносем, чӣ хел ӯро келин мекунем,-норозигӣ намуд модар.

-Ман бо арӯс зиндагӣ мекунам, на бо авлоду аҷдодаш. Шумо хоҳед ҳам, нахоҳед ҳам Санамро мегирам,- бешармона ба миёни сухани модар лагад зад Ҳошим ва бо қошу қавоқи овезон баромада рафт.

Хостгорӣ аз ночорӣ

Амаки Раҳиму холаи Хосият ҳарчанд кӯшиш карданд ба бачаи эркатулфорашон гапашон нагузашт ва ночор кулчаю тӯша гирифта ба хонаи волидони Санам хостгорӣ рафтанд. Санам падар надоштааст, вале модару тағоҳояш хостгоронро хуш пазируфтанд ва дарҳол розигӣ дода, нон шикастанду сафедӣ даронданд ва ҳатто рӯзи тӯйро муайян карданд. Ҳошим аз хурсандӣ дар куртааш намеғунҷид, ки духтари дӯстдоштааш бо чунин осонӣ насибаш мегардад. Акаҳояш, ки тоҷирони муваффақ буданд, барои арӯси бародари кенҷагиашон чунон ҷиҳози қимматбаҳою зебо хариданд, ки даҳони хешу табори Санам воз монд. Ҳофизони номдортаринро «заказ» карда, базми осмонкаф оростанд ва бо сад орзую ҳавас арӯси Ҳошимро ба хона оварданд.

Келини таърифӣ

Рӯзҳои аввал Санам иззату эҳтироми хусуру хушдоманашро ба ҷо меовард ва худро духтари хуб нишон дода, тамоми кору бори хонаро бо сари хам иҷро мекард. Ҳама аз ӯ розӣ буданд. Холаи Хосият дар назди тамоми ҳаққу ҳамсоя ва хешу табор келини хурдиашро таърифу тавсиф намуда, ба ҳафт пушташ раҳмат мехонд. Ҷавонзанҳо аз ин созиши келину хушдоман ба ҳайрат меомаданду кампиракони солхӯрда мегуфтанд:

-Саросема нашавед, арӯс якбарфа шавад, баъд феълу хӯяш маълум мешавад. Монед, ки зани Ҳошим се-чор сол хизмат карда, соҳиби ду-се бача шавад, ана он вақт ба таъриф меарзад, агар келини эркаатон пӯстинашро то он замон чаппа напӯшад.

Холаи Хосият ин суханони пандомезро нишонаи бахилӣ дониста меранҷид, вале…

Нағмаҳои арӯс

Пешгӯии занҳои солор рост будааст, тақрибан баъди шаш моҳи тӯй арӯс пӯстинашро чаппа пӯшида, симои аслиашро нишон дод. Акнун вай касеро писанд намекард ва дасташро ба кори хона он тараф истад, ба оби хунук ҳам намезад. Рӯзи дароз аз хонааш намебаромад келинчак. Худо накарда хушдоман сабаби дигаргун шудани рафторашро пурсад Санам бо қошу қавоқи гирифта дод мезад:

-Ман дар ин хона ғулом нестам!

Холаи Хосият аз ин рафтори келини кенҷагиаш ҷигархун бошад ҳам, ночор ба лаб мӯҳри хомӯшӣ зада, сирри хонаро фош намекард. Модари бечора умед дошт, ки рӯзе ақли келинаш ба сараш мезанад, аммо…

Фирори зану шавҳари ҷавон

Як саҳар холаи Хосият худаш ширбиринҷ пухт ва дастурхон ороста аз духтараш, ки меҳмонӣ омада буд, хоҳиш кард, ки Ҳошиму занашро ба наҳорӣ даъват кунад. Манзура аввал аз паси тиреза додару янгаашро ҷеғ зад, чун садое аз дарун наомад, дарро зад, вале сукути сангинро на шарфаи пое мешикасту на овози Ҳошим ё занаш. Модарашро огоҳ кард. Аҳли оила ба ташвиш афтода бо калиди эҳтиётӣ дарро боз карданд ва диданд, ки тирезаи аз тарафи кӯча будаи хонаи Ҳошим кушодаю аз зану шавҳари ҷавон дарак нест.

-Оҳ, ин бачаи ахмақ ҳамроҳи занаш аз тиреза парида гурехта рафтааст,-оҳи сарде кашида хулоса баровард амаки Раҳим ва рӯяшро гардонд, то кампиракаш ашки дар чашмонаш ҳалқазадаро набинад.

Зан, ки бозорӣ шуд…

Дар наздикии хонаи очаи Санам фароғатгоҳи боҳашамати замонавӣ сохта буданд. Табиати хушманзара ва хизматрасонии олиҷаноби кормандони фароғатгоҳ сарватмандон ва мардони номдорро тез-тез ба ин мавзеъ меовард. Духтарону ҷавонзанҳои маҳаллӣ дар атрофи фароғатгоҳ ба тиҷорати хурд машғул шуда, зиндагиашонро бо ҳамин роҳ пеш мебурданд. Санам баъди аз хонаи хушдоманаш гурехтан ҳамроҳи хоҳараш Сунбулаи соҳибҷамол дар саҳни фароғатгоҳ соябони гирдеро гузошта, ба тиҷорат машғул шуд. Ҷавонзани зебо дарҳол диққати мардони калонсоли пулмастро ҷалб намуд ва бо ҳар баҳона наздаш меомадагӣ шуданд. Санам зани шавҳардор буданашро фаромӯш карда, ба хушгӯиҳои бойбобоҳо бо табассуми дилкаш ҷавоб медод ва қиқир-қиқир механдид. Аз нозу карашмаи ҷавонзан илҳом гирифта, минбаъд бо ҳар баҳона Санамрро ба утоқашон даъват мекарданд. Санами беандеша ғайри хоҳараш боз чанд духтари дигарро низ бо мардҳои сарватманди ташнаи дилхушӣ шинос кард ва онҳо тез-тез барои бойбобоҳо ба утоқҳои зебои фароғатгоҳ пиставу шоколад ва обмеваҳои ширин меоварданд.

Гоҳ дар оғӯши ин, гоҳ дар оғӯши он

Як бегоҳ вақти говгум Нусрати тоҷир, ки дар фароғатгоҳ дам мегирифт ба рафиқаш Ҳусейн пешниҳод кард, ки ҳамроҳи Санам ва дугонааш Гуландоми мӯрчамиён каме вақтхушӣ кунанд. Ҳарду ошнои пулмаст маслиҳатро пазонда, духтарҳоро ҷеғ заданд. Гуландом аввал розӣ нашуд, вале Санам «девона, не нагӯй, дар як шаб пули якмоҳа савдоятро кор мекунӣ» гуфта, дугонаашро ба гап даровард ва ҳарду бо ошиқонашон оғӯш ба оғӯш аз фароғатгоҳ баромада ба мошини сиёҳшишаи «Лексус» нишастанд. Дар тарабхонаи бошукӯҳе ғизо хӯрда, хуб дилхушӣ карданд. Санам бо Нусрату Гуландом бо Ҳусейн оғӯш ба оғӯш то нимаи шаб рақсиданд ва сипас ҷониби гармоба равон шуданд. Дар мобайни сауна кӯлчаи зебое буд ва оби шафофаш дили касро мерабуд. Духтарҳо либосҳояшонро бадар намуда, худро мисли моҳичаҳои тиллоӣ ба ҳавз партофтанд. Лаҳзаҳои муносиб фаро расид ва Нусрату Ҳусейн аз думболи Санаму Гуландом ба об ҷаҳида тани мисли ширмоҳӣ зебои маҳбубаҳояшонро дар оғӯши оби мусаффо ба оғӯш гирифтанд ва бӯсаборон намуданд. Шаҳди лабони нозуки духтарҳои ҷавон ду ошиқи пирро торафт ташнатар менамуд ва дигар тоб наоварда ҳар кадом маъшуқаи худро рӯйи даст бардошта ба ҳуҷраҳои алоҳида даромаданд. Санаму Нусрат чунон ба ҳамдигар часпиданд, ки пайвандашон рашки оҳанраборо меовард. Аз мӯйҳои мушкини ҷавонзан об таровида шавқи Нусратро бештар аланга медод ва мӯйсафеди пулмаст аз шиддати нафс тайёр буд ин сайди зеборо зинда ба зинда фурӯ барад. Санами беҳаё

«тамоми вуҷуди ман имшаб дар ихтиёри шумост» гӯён, бо ишваю ноз мӯйсафеди ташнаи навозишро бештар «девона» мекард ва Нусрат лабашро бар лабони нозуки ҷавонзан зер карда, чунон бо ҳарорат ӯро мебӯсид, ки қариб буд забонашро аз комаш канда гирад. Ҳусейну Гуландоми миёнборик низ аз Санаму Нусрат монданӣ надоштанд. Ҳусейн саропои маъшуқаи ҷавонашро бо бӯса мешуст. «Ҷонакам, мабодо маро зинда ба зинда қурт накунӣ» ишвафурӯшӣ менамуд Гуландом ва дар ҷавоб «ман туба мурам, то ин дам дар куҷо будӣ, моҳичаи тиллоӣ» гӯён, Ҳусейн ӯро тангтар дар оғӯш мегирифт. Вақте ки ин ду ҷуфт аз сауна баромаданд, аллакай шаб аз нисф гузашта буд.

Нақши дандон

Ҳошими бехабар аз ҳиллаю найрангҳои арӯси ба ҷону дил баробараш ҳамон шаб то саҳар дар ба дари хешу табори занаш гашта, Санамро кофт, вале касе намедонист, ки ҷавонзан дар куҷост.

Санам шавҳараш Ҳошимро бо баҳонаи хабаргирии рама ҳамроҳи бародаронаш ба чарогоҳи дурдасте фиристода буд ва гумон дошт, ки шӯйи гарангаш то ҳол аз паси гову бузу гӯсфандон давида гаштааст. Ҷавонзани маккора қарибиҳои субҳдам аз дар даромад ва шавҳараш Ҳошимро дида, аз тарс дар ҷояш шах шуда монд. Ҳошим то ин вақт дар қуҷо буданашро пурсид.

-Гуландоми дугонаам зодрӯз дошт, мо, духтарҳо шаб дар ҳамон ҷо мондем,-баҳона пеш овард Санам, бехабар аз он, ки изи дандонҳои Нусрати гургсифат ҳамчун тамғаи бадномӣ дар гарданаш мондааст. Ҳошим аз ин дурӯғи занаш бештар ба ғазаб омада бонг зад:

-Дар хонаи дугонаам будам мегӯӣ? Гарданатро ҳам Гуландом хоид?! Росташро гӯй фоҳиша, шабро дар бағали кадом шағол саҳар кардӣ? Ғавғои зану шавҳари ҷавон натанҳо аҳли хонавода, балки ҳамсояҳоро низ бедор кард ва дар як лаҳза ҳавлӣ пури одам шуд. Ҳошим изи сиёҳу кабуди гардани занашро ба ҳама ҳамсояҳо нишон дода, худи ҳамон замон дар шоҳидии онҳо Санамро се талоқ кард ва костюмашро гирифта аз дар баромаданӣ шуд. Пирамарди нӯроние, ки ҳамсояи девордармиёни модари Санам буд, оҳи сарде кашида гуфт:

-Эҳ бачам, хафа нашав, инҳо авлодан тардомананд. Ба очаашон рафтаанд Санаму хоҳараш. Раҳматии падарашон аз шарми фоҳишагии занаш худашро овехта кушта буд. Ин занаки беимон дар набудани шавҳараш мардҳоро ба хонааш оварда, айшу ишрат мекард ва як шаб падари Санам занашро дар оғӯши марди бегона дошт. Мардаки бечора тобу тоқати бардоштани доғи номусро накарда, худашро дар коҳдон дор кашида мурд!

Решаи дуо сабз аст

Ҳошим занашро талоқ карда ба хонаашон баргашт ва пеши пойи падару модараш афтида бахшиш пурсид. Амаки Раҳим аз гуноҳи писари эркаи беандешааш гузаштан нахост, вале боз холаи Хосият ба миёна даромада, зорию илтиҷо намуд, ки падар бузургӣ карда, гуноҳи фарзандро бубахшад. Мӯйсафед писарашро ба оғӯш гирфта бӯсид ва дуои нек дод. Решаи дуо сабз аст гуфтагӣ барин, пас аз ин зиндагии Ҳошим ранги дигар гирифт ва ширину гуворо гашт. Падару модараш духтараки боиффатеро аз ҳамсоядеҳа келин карданд ва дубора тӯю тамошо ороста хонаи Ҳошимро обод намуданд. Бачаи эрка ҳоло бо зану се духтарчаи дӯстрӯякаш хушу хурсандона умр ба сар мебарад.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД