Келини таърифӣ забон баровард
19.10.2025
Oila.tj
112

Навбати оиладоркунии фарзанди кенҷаам расиду ҳамроҳи духтаронам ба келинкобӣ даромадем. Хеле мехостам ин дафъа ягон духтари хондагиро келин кунам, то ки дар оянда набераҳоямро босаводу боинтизом тарбия намояд, вале писарам розӣ нашуда гуфт, ки духтарони хондагӣ хонақап нестанд, на шавҳарро писанд мекунанду на хусуру хушдоманро.

Хулоса баъди ҷустуҷӯҳои зиёд духтареро аз ҳамсояқишлоқ пайдо намудем. Ба гуфти наздиконаш Қуръонхону сатрпӯш будааст. Писарам маҳз ба хотири сатрпӯш буданаш духтарро надида, ба тӯй розигӣ дод.

Пас аз 4 моҳи тӯй Равшанҷон ба Русия рафту келин бо мо монд. Баъди рафтани писарам келин сатрро партофта бо рӯймол мегаштагӣ шуд. Ман ҳам ба ин амалаш зид набудам, вале рӯзе як ҷӯрааш дар кӯча моро дида, ба писарам занг зада гуфтааст, ки занат сатрашро партофтааст. Писарам ба ман занг зада аввал марову баъдан занашро дашномҳои болохонадор дод. Келинчак аз ин рафтори шавҳараш ба шӯр омада, ба ман рӯ оварда, гуфт: «Хола, ман дар хонаамон сари луч мегаштам, шим мепӯшидам, касе пишакамро пишт намегуфт».

Аз ин сухани келин ба ҳайрат омада, чӣ гуфтанамро надонистам, зеро вақте мо барои овардани арӯс ба хонаи қудо рафта будем, бародарони муллояш ҳатто иҷозат надоданд, ки рақсу бозӣ кунем. Арӯсро бо фаранҷӣ аз хонаашон оварда будему имрӯз келини таърифӣ забон баровардааст.

АЗИЗА, н. Кӯшониён

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД