Oila 5 years
КҲФ: Дар Панҷ талафоти ҷонӣ нест
303

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз харобиҳои нави сел дар ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон хабар дод.

Бино ба иттилои ин ниҳод, 29 январ, соати 01:40-и шаб бар асари боронҳои шадид сел ба хонаҳои истиқоматӣ ва заминҳои наздиҳавлигии сокинони ҷамоати деҳоти Намуна, деҳаи “10-солагии Ваҳдат”, Кабут Сайфутдинови ноҳияи Панҷ ворид шуда, қисман ба аҳолӣ зарар расондааст.

Аз ҷумла, гуфта мешавад, ки дар деҳаи “10-солагии Ваҳдат”-и ҷамоати деҳоти Намуна сел 8 хонаи истиқоматӣ ва 3 заминҳои наздиҳавлигии сокинонро аз лойқа пур кардааст.

Ба ғайр аз ин, дар деҳаи Пахтакори ҷамоати деҳоти ба номи Кабут Сайфутдинов, сел ба 10 хонаи истиқоматӣ ва 33 заминҳои наздиҳавлигӣ, дар маҷмуъ ба 36,6 га заминҳои хоҷагии деҳқонӣ обу лойқа даромада, қисман зарар расонидааст.

Ҳамчунин, ба иттилои ин ниҳод, дар деҳаи Отчопари ҷамоати деҳоти Озодагон, сатҳи канали Келенчи-2 баланд гардида, оби канал ба 2 хонаи истиқоматӣ ва дар маҳаллаи Қушқия ба 6 хонаи истиқоматӣ ва 2 замини наздиҳавлигии шаҳрвандон обу лойқа ворид кардааст.

Хушбахтона, ин селҳо талафоти ҷониву хисороти дигар надоштанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД