sebiston july new
КҲФ: Духтарчаро наҷот доданд
482

Кормандони Гурӯҳи зудамали наҷотдиҳии Раёсати КҲФ дар шаҳри Душанбе дари манзилеро, ки духтарча дар он дармонда буд, кушоданд.

Тавре дафтари матбуотии КҲФ хабар додааст, ба маркази вокуниш ба ҳолати изтирорӣ аз як сокини пойтахт дар бораи ҳодиса сигнал расид. Дар бинои истиқоматии кӯчаи М.Турсунзода, бинои рақами 38/1 ҷавонзан натавонистааст вориди манзилаш шавад. Духтари 9-солааш дар дохили хона буд, аммо худаш натавонист дарро кушояд, зеро қуфли дари оҳанин баста буд.


Кормандони бахши изтирорӣ ба ҷои ҳодиса ҳозир шуда, дарро боз карданд. Кӯдак ба ёрии тиббӣ ниёз надошт.

Наҷотдиҳандагони КҲФ бо волидони духтар сӯҳбати профилактикӣ гузаронида, аз онҳо даъват кардаанд, ки дар оянда кӯдакро беназорат нагузоранд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД