Dostoni ishqi man
“Хандинкамон” ба Маскав рафт?
17.07.2022
ОИЛА
445
no-img


Театр-студияи “Хандинкамон” бо як сафари ҳунарӣ ба шаҳри Маскав меравад ва барои тоҷикони муқими Маскав барномаҳои нави ҳаҷвӣ нишон хоҳад дод.

Дар ин бора Муқимҷон Абдуфаттоев — роҳбари ин гуруҳи ҳунарӣ хабар додааст.
“Феълан тоҷикони зиёд дар шаҳри Маскав кору фаъолият доранд. Мо низ ният кардем, ки барои мухлисонамон дар шаҳри Маскав барномаи консертӣ таҳия кунем. Нимаи дуюми моҳи июл сафари ҳунарии мо ба Маскав оғоз мешавад”,- гуфт номбурда.
Дар ин сафар Муқимҷон Абдуфаттоев ва “Хандинкамон”-ро ҳунармандони саршинос Гулбаҳор Ғаффорова ва Сулаймон Саидғозиев ҳамроҳӣ хоҳанд кард. Ин ду ҳунарманд тайи чанд соли охир “Хандинкамон”-ро тарк карда буданд. Дар ин авохир Гулбаҳору Сулаймон зиёд дар саҳнаҳои “Хандинкамон” пайдо мешаванд.
“Хандинкамон” як дастаи ҳунарии маъруфи кишвар аст. Дар шимоли кишвар фаъолият дорад, вале дар саросари Тоҷикистон мухлисонаш сершуморанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД