Commerc banl
Харидор ҳуқуқ дорад, ки моли харидаашро ба фурӯшанда баргардонад?
23.03.2026
Oila.tj
43

Салом. Ман аз бозори “Корвон” либосе харидам, вале баъди ба хона омадан тамоман маъқулам нашуд, чунки ба синну солам мувофиқ набуда, хеле танг аст ва рангаш низ зебанда нест. Рӯзи дигар ба бозор рафта, хоҳиш ва ҳатто тавалло намудам, ки фурӯшанда молашро гирифта, пуламро баргардонад, вале савдогар “моли фурӯхташуда баргардонида намешавад” гӯён, бо ман ҷангу ҷанҷол кард. Он либосро бо нархи қимат гирифта будам ва мехоҳам пуламро баргардонам. Донистан мехостам, ки оё либос ё моли харидашударо баргардонидан мумкин аст ё не?

М., ш. Душанбе

Посух:

Дар асоси Қонуни ҶТ “Дар бораи ҳуқуқи истеъмолкунандагон”, фурӯшандаҳои бозор ё фурӯшгоҳҳо бояд сифати молу коло ва дигар ашёро диҳанд. Мувофиқи қонун натанҳо моли сифаташ номуносиб баргардонида мешавад, балки моли сифаташ муносибро низ харидор метавонад баргардонад, агар онбарояш писанд наояд ё мувофиқ набошад.

Аммо барои баргардонидани моли сифаташ муносиб, қонунгузор якчанд шартҳоро муқаррар намудааст.

Якум: муҳлати баргардонидани мол на зиёдтар аз 14 рӯз мебошад.

Дуюм: мол бояд истифода нагардида бошад.

Сеюм: борҷома, борчасп, нишонаҳои фирмавӣ ва ғайра бояд нигоҳ дошта шуда бошанд.

Дар ёд дошта бошед, ки на ҳама молҳои сифаташон муносиб иваз ва баргардонида мешаванд. Маводҳои доруворӣ, молҳои гигиенаи шахсӣ, либосҳои тагпӯш, молҳои бо метраж фурӯхта мешуда, молҳои кимиёвии маишӣ ва ғ. иваз ва баргардонида намешаванд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД