Таҳти ин унвон 29-уми сентябр дар Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи М. Олимов бо ибтикори КИ ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ бо иштироки устодон, донишҷӯён ва наврасону ҷавонон ҳамоиш баргузор гардид.
Ҳамоишро директори муассиса Саодат Боронова оғоз намуда, оид ба муҳимияти масъалаи мавриди баррасӣ андешаронӣ намуд. Зикр гардид, ки дар шароити рушди босуръати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ телефонҳои мобилӣ ба ҷузъи муҳими ҳаёти ҳаррӯзаи ҷомеа табдил ёфтаанд. Воситаҳои рақамӣ барои дастрасӣ ба иттилоот, омӯзиш, иртибот ва истифодаи имкониятҳои таълимӣ замина фароҳам меоранд. Дар баробари ин, истифодаи аз ҳад зиёд ва беназорати онҳо, махсусан аз ҷониби кӯдакону наврасон, метавонад ба раванди таълиму тарбия, муносибатҳои иҷтимоӣ ва тарзи ҳаёти онҳо таъсири манфӣ расонад.
Дар идома сарходими илмии Пажуҳишгоҳи равандҳои сиёсӣ, дипломатия ва масоили ҷаҳонишавии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон профессор Силмон Мавлонназаров бо маърӯза баромад намуда, масъалаи таъсири истифодаи аз ҳад зиёди телефони мобилӣ ба раванди ташаккули шахсияти наврасонро мавриди таҳлил қарор дода, ба зарурати баланд бардоштани маърифати рақамӣ ва масъулияти оила, муассисаи таълимӣ ва худи ҷавонон дар истифодаи технологияҳои муосир таваҷҷуҳ намуд.
Таъкид гардид, ки истифодаи оқилонаи технологияҳои рақамӣ метавонад дар рушди ҷаҳонбинӣ, васеъ гардидани доираи дониш ва такмили малакаҳои омӯзишии ҷавонон нақши муассир дошта бошад. Ҳамзамон, истифодаи бемаҳдуд ва бидуни назорати телефон метавонад боиси кам шудани таваҷҷуҳ ба таҳсил, китобхонӣ ва фаъолияти ҷисмонӣ гардида, муносибатҳои мустақими байни кӯдакон, падару модар ва ҳамсолонро коҳиш диҳад.
Мавзӯи дигаре, ки дар ҷараёни маърӯза мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифт, таъсири истифодаи тӯлонии телефон ба тарзи ҳаёти кӯдакону наврасон буд. Зикр шуд, ки риояи низоми дурусти истифодаи воситаҳои рақамӣ, ҷудо намудани вақти муайян барои омӯзиш, истироҳат, варзиш, мутолиаи китоб ва муоширати зинда барои ташаккули тарзи ҳаёти солими наврасон аҳамияти муҳим дорад.
Сипас, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ Муродзода Ҷӯрабек Қурбоналӣ суханронӣ намуда, масъалаи масъулияти ҷомеа дар самти ҳифзи кӯдакону наврасон аз таъсири манфии истифодаи нодурусти технологияҳои рақамиро таъкид кард. Ӯ зикр намуд, ки тарбияи насли наврас дар шароити рушди технологияҳо тақозо мекунад, ки дар баробари фароҳам овардани имкониятҳои таълимӣ, ба масъалаҳои фарҳанги истифодаи телефон ва дигар воситаҳои рақамӣ низ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир карда шавад.
Дар идомаи ҳамоиш масъалаи таъсири муҳтавои интернетӣ ба ҷаҳонбинӣ ва рафтори наврасон низ мавриди баррасӣ қарор гирифта, зарурати интихоби дурусти маводи иттилоотӣ ва истифодаи ҳадафманди шабакаҳои иҷтимоӣ таъкид гардид. Дар ин замина, нақши падару модарон, омӯзгорон ва дигар шахсони масъул дар роҳнамоии наврасон муҳим арзёбӣ шуд.
Қисмати дигари ҳамоиш ба баргузории озмуни расми беҳтарин дар мавзӯи «Хатар ва зарари телефон ба ҳаёти кӯдакон ва наврасон» бахшида шуд. Озмун миёни донишҷӯёни муассиса ва дигар наврасону ҷавонони ноҳия баргузор гардида, иштирокчиён тавассути корҳои эҷодии худ муносибаташонро ба масъалаи истифодаи нодуруст ва аз ҳад зиёди телефонҳои мобилӣ баён намуданд. Иштирокчиёни озмун кӯшиш намуданд, ки бо истифода аз тахайюл, маҳорати рассомӣ ва диди эҷодии худ паҳлуҳои гуногуни таъсири манфии истифодаи бемавриди телефонро инъикос намоянд. Дар корҳои пешниҳодгардида мавзӯъҳои вобастагӣ ба телефон, коҳиш ёфтани муоширати мустақими кӯдакон бо падару модар ва ҳамсолон, кам шудани таваҷҷуҳ ба таҳсилу китобхонӣ, камҳаракатӣ ва дур шудан аз муҳити воқеии иҷтимоӣ таҷассум ёфтанд.
Ҳамчунин, дар як қатор расмҳо зарурати назорати истифодаи телефон аз ҷониби кӯдакону наврасон ва истифодаи мақсадноки технологияҳои рақамӣ таъкид гардид. Иштирокчиён тавассути забони тасвирӣ паёми муҳимро ироа намуданд, ки телефон ва дигар воситаҳои рақамӣ дар сурати истифодаи дуруст метавонанд ба омӯзиш, рушди дониш ва дастрасӣ ба иттилооти муфид мусоидат намоянд, вале истифодаи аз ҳад зиёд ва беназорат метавонад боиси пайдо шудани одатҳои номатлуб ва маҳдуд гардидани фаъолияти иҷтимоиву ҷисмонии наврасон гардад.
Дар хотима таъкид шуд, ки баргузории чунин чорабиниҳо дар ташаккули маърифати иттилоотӣ ва фарҳанги рақамии насли наврас аҳамияти хос дошта, барои рушди қобилияти эҷодӣ, зебоипарастӣ ва ҷаҳонбинии онҳо низ замина фароҳам меорад. Махсусан, истифодаи имкониятҳои эҷодӣ барои баррасии масъалаҳои иҷтимоӣ ба наврасон имкон медиҳад, ки мавзуъҳои муҳими рӯзро аз диди худ инъикос карда, дар мавриди онҳо андеша ва мавқеи хешро баён намоянд.
Дар фарҷоми ҳамоиш корҳои эҷодии иштирокчиёни озмун аз ҷониби омӯзгорони коллеҷ мавриди баррасӣ қарор гирифта, натиҷаҳои озмун ҷамъбаст карда шуданд. Ҳангоми муайян намудани корҳои беҳтарин мазмуну муҳтаво, ғоя, тарзи иҷро, мувофиқати кор ба мавзӯи озмун ва маҳорати рассомии иштирокчиён ба инобат гирифта шуд.