arzon replenishment
Хайру эҳсонро фаромӯш накунед, тоҷирон!
344

Саидмукаррам Абдуқодирзода, раиси Шӯрои уламо ё муфтии Тоҷикистон дар як муроҷиаташ аз соҳибкорон хост нархҳоро дар моҳи Рамазон боло набаранд, зеро ба таври сунъӣ боло бардоштани нархи бозор ба хотири гирифтани фоидаи бештар амали бадтарин аст, ки онро ислом маҳкум мекунад.

Муфтӣ гуфтааст, Рамазон на танҳо моҳи имтиҳони неруи ҷисмонӣ ва парҳез аз ғизо, балки имтиҳони вазъи рӯҳиву равонӣ ва покизагии нияту аъмол ҳам ҳаст ва ин нукта ба онҳое дахл дорад, ки барои хизматрасонӣ ба мардум масъуланд.

«Мо камбуди равған, орд, меваҷот надорем, ҳама анборҳо пур аз ин неъматҳост. Ҳоло ба таври сунъӣ баланд бардоштани нархи маводи мавриди ниёзи аввал, бардоштани нархи дигар маҳсулот, умуман суиистифода аз моҳи мубораки Рамазон ё рӯзҳои мубораки ид бисёр гуноҳи азим буда, пайомадҳои нохуш низ дорад. Нафароне, ки нархро ба таври сунъӣ боло мебардоранд, аз ин маблағе ба даст меоранд, лек ин маблағ ба онҳо ба ҷуз нигарониву нокомӣ ва парешониву ташвишҳо чизе намедиҳад”, - гуфтааст муфтӣ.

Ӯ аз тамоми тоҷирон хостааст, хайру эҳсонро пеша кунанд, нархҳоро на боло, балки поён фароранд, зеро ҳеҷ коре бе подош намемонад.

Ин муроҷиати Муфтии кишвар дар ҳолест, ки бо чанд рӯзи шурӯи Рамазон мушоҳида мешавад, ки аксари тоҷирон кӯшиш мекунанд аз «фурсати муносиб» истифода бурда, бо инсофу имонфурӯшӣ фоидаи бештар ба даст оранд. Ин ҳафта низ ҷунбиш дар нархи маҳсулоти ниёзи аввал боиси нигаронии мардум гашт.

Айни ҳол дар ҳамаи бозорҳои кишвар арзиши гӯшт то 80 сомонӣ, шир то 9-10 сомонӣ, шакар то 15 сомонӣ, тухм то 2 сомонӣ, орд то 300 сомонӣ боло рафтааст.
Як масъули назорати бозор гуфт, болоравии нархҳо, махсусан гӯшт характери мавсимӣ дорад, зеро он ба баланд шудани нархи хӯроки чорво алоқаманд аст. Серхарҷ гардидани парвариши чорво ба гароншавии нархи гӯшт оварда расонд.

“Инчунин, болоравии нархи сӯзишворӣ низ, ки воридотӣ аст, ба афзоиши нархи ҳамаи маҳсулот таъсири манфӣ расонд. Бо назардошти хароҷоти овардан, муомилот ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет нархи маҳсулот зиёд мешавад, - гуфт ӯ бе зикри ном.

Як тоҷири бозори “Саховат” гуфт, то вақте дар бозорҳои молфурӯшӣ нархи чорво паст нафарояд, гӯшт низ қимат шудан мегирад, зеро онҳо чорво ва маҳсулоти гӯштиро бо нархи гарон мехаранд, ки хароҷоташонро намепӯшонад.

Ҷамолиддин Хомӯшӣ, сардори Раёсати фатвои Шӯрои уламо мегӯяд, тоҷирон бояд маҳсулотро бо нархе фурӯшанд, ки ҳам худ зарар набинанд ва ҳам ба дигарон зарар нарасонанд, чунки дин худ сабукӣ аст, на вазнинӣ овардан.

Ёдовар мешавем, ки дар асоси қарори Шӯрои уламо моҳи Рамазон имсол рӯзи 11-уми март оғоз шуд ва то 9-уми апрел идома мекунад. Рӯзи 10-уми апрел дар кишвар Иди саиди фитр таҷлил мешавад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД