Arzon march 2024
Хиёнати шавҳар занро дар як шаб пир кард
1857


Лола хаставу афсурда ва дилшикаставу маҳзун бо чашмони ашколуд аз ҷой бар хесту ҷониби долони хона рафт. Беихтиёр ба оина нигарист.

-Худоё, магар ин манам?- пичиррос зад ба пиччаҳои сафеду ранги коҳидаву пажмурдааш нигариста. Ашк гулӯгираш кард, -ғаму дард ин кадар сахт будааст. Дар як шаби дард пиччаҳоям сап-сапед шудаанд. Инсон ин қадар ҷонзоти мураккаб будааст. Худамро дар оина нашинохтам. Хиёнати шавҳар маро дар як шаб пир кард.
Лола то дина бегоҳӣ худро зани хушбахттарини дунё ҳисоб мекард. Гумон дошт, ки барои Рустамаш ягона зани дӯст доштаасту дигар дар ин дунё мисли шавҳари ӯ бовафотарин марде вуҷуд надорад. Дар дилу дар забонаш фақат ситоиши Рустам буд. Замоне Лола бо ишқу муҳаббат ба Рустам ба шавҳар баромада буд.
Лола донишҷӯи омӯзишгоҳи тиббӣ буду Рустам донишҷӯи Донишгоҳи аграрӣ.Тақдиру насиб будааст, ки онҳо дар як тӯйи ҳамсояи Лолаино бо ҳам вохӯрданд. Бо як нигоҳ Рустам мафтуни чашмони сабзи Лола гардиду худи пагоҳаш ба деҳаи онҳо омада, илоҷи шиносоиро бо ӯ ҷӯё шуд. Ҳатто аз бачаҳои муштзӯри деҳа шатта ҳам хӯрда буд. Лола ҳам бо як нигоҳ ба ин бачаи шаҳрӣ дил бохта, зуд барои вохӯрдан розӣ шуд. Байни онҳо муҳаббати сӯзон ҷӯш заду дере нагузашта, бо ҳам издивоҷ намуданд. Шаби тӯй бо хоҳиши Лола Рустам қасам хӯрд, ки то охири умр якҷоя мемонанд. Рустам ӯро ба оғӯш кашида гуфт, ки «арӯсаки чашмсабзи ман, ҳамин як ҷони ширинам аз туст».
Лола ин дам болои бистари никоҳӣ зор-зор гириста, он рӯзҳои беҳтарину ширинтарини умрашро ба хотир оварда, дилаш месӯхту месӯхт. Баъди 20 соли зиндагии заношавҳарӣ ӯ аввалин бор худро музтару танҳо эҳсос мекарду ҳатто розӣ буд, ки Худо ин лаҳза ҷонашро бигирад. Дигар фарзанди ягонааш Гулнора ҳам ба хотираш намеомад. Гулнораро ду моҳ пеш бо шаҳомати зиёд ба шавҳар дода буданд. Он рӯз Рустам гуфт, ки «арӯсаки чашм сабзи ман, акнун пиру кампир танҳо мондем».
…Оҳ Рустам, чаро дили ошиқамро шикастӣ. Дили шикастаро чӣ тавр метавон пайванд кард. Ту рафтӣ аз ҳаёти ман. Вақти рафтанат рӯи рост иқрор шудӣ, ки маҳз дар рӯи бистари заношавҳариамон зани бегонаро овардаӣ. Магар ин аз рӯйи мардигарӣ аст?
Лола баъди тӯйи арӯсии духтари ягонааш хост, ки дар хонаи волидайни пиронсолаш муддате бимонад. Рустам бошад, чун солҳои пешин аз паси ӯ наомаду гуфт, кибемалол дар хонаи падару модарат исто, ман худам танҳо кори хонаро саришта мекунам. Лола бошад, то ин вақт андеша мекард, ки шавҳараш бе ӯ чӣ тавр хӯрок мепазад, чӣ тавр шиму костюмашро дарзмол мекунад. Аммо вақте ки дина бегоҳӣ беогоҳӣ ба хонаи худаш омад, дар рӯйи ҳавлӣ ҷавонзани бегонаи ҳомиладорро дида, якбора дар ҷояш карахт шуд.
-Салом, шумокӣ?
-Ман зани Рустам.
-Тавб агӯ…

-Лола ба рашку қаҳр давида, дохили ҳуҷраи хобаш даромад. Рустам як паҳлӯ дароз кашида, телевизор тамошо мекард.
-Дадаи Гулнора, ин чӣ гап? Ин ҷавонзан кист?
-Модари ояндаи писари ман. Фаҳмидӣ?
-Чӣ? Ту ақлатро магар хӯрдаӣ? 20 сол ман барои ту зиндагӣ кардам. Хонанишин шудам. Имрӯз ман бароят нодаркорам?
-Бале, як бор ба оина нигоҳ кун, киро мебинӣ? Як зани фарбеҳи безебро.
-Худоё, ман ҳам замоне ҷавону мавзун қомату зеботарин будам.
-Будӣ, аммо мардҳо пир намешаванд. Занҳо бошанд, мисли хӯрок дилбазан мешаванд. Ба замми ин, ту баъди тавлиди Гулнора якбора қисир мондиву дигар бароям писар таваллуд накардӣ. Ин аст ҳақиқати талх.
-Оҳ…пас, чаро дар вақташ ин коро накардӣ.
-Он вақт дилам ба ту месӯхт. Акнун ки Гулнораро ба шавҳар додем, дигар зарурати пинҳонӣ зистан намондааст. Хонаро ба ту мегузорам. Хонаи дар марказ бударо ба номи занам мегузаронам.
-Чӣ... ин зан аллакай ба ту ҳалолӣ шудааст?
-Оре, муддати се сол аст, ки ману Наргис зану шавҳарем. Халал нарасон. Ман ба хонаи акди никоҳ рафта, ҳафтаи гузашта аризаи ҷудошавиро навишта будам. Паноҳат ба Худо, ман рафтам.
Лола ба ин ҷуфти хушбахт нигариста, дарро аз пасашон пушиду худ болои курсии ҳуҷраи дигар нишаст. То субҳи солеҳон Лола худ ба худ гап зада, фақат мегирист. Он қадар ба эҳсос даромада буд, ки худро фаромӯш сохт. Инак, дар ин субҳи хиёнат худро дар ойина диду тарсид. Одамизод метавонад дар як соат худро аз даст бидиҳад.

Лола тамоми аксҳои арӯсиашро аз ҷевон гирифта, пора-пора кард. 20 соли орзуҳояш дар як дам мисли шамъ бисӯхт. Ҳарчанд мехост худро бо коре машғул созад, аммо наметавонист. Дили пурмеҳру пурорзуяш ишқи Рустамро раҳо кардан намехост. Хиёнати шавҳар барои ин зани бовафо хеле мушкилу дарднок буд. Соатҳои тахминан дуи пешин аз бистар бархесту ба ҳавлӣ баромад. Аммо боз суханони шавҳар, ки «худро як бор дар оина бубин» ба ёдаш омаданду ашки сард аз чашмонаш беихтиёр ҷорӣ шуданд. Аз дил гузаронид, ки «аз фардо оғоз карда, тасаввур месозад, ки дигар Рустам дар ҳаёташ вуҷуд надорад ва ба беморхона рафта, дипломашро нишон медиҳаду илтиҷо мекунад, ки ақаллан ӯро ба ҳайси фаррош ба кор қабул намоянд, охир солҳои сол дар хизмати шавҳар буду хонанишиниро ба дӯш гирифта буд.» Зери лаб худ ба худ гуфт: «Ишқи туи азизро кафанпеч намуда, дар гӯрхонаи фаромӯшӣ якумра гуронидам. Руҳат ношод бод!»
Акнун барои Лола зиндагии дигар оғоз меёбад. Зиндагии фарогири сохтанҳои навин…

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД