Arzon march 2024
Хоб бинӣ, ки либосатро дуздидаанд, бахтатро зани дигар соҳиб мешавад?
1183

 

Салом! Ман ду-се шаб пай дар пай хоб дидам, ки сару либос ва ороишоти тиллоиямро дуздидаанд. Хобамро ба дугонаҳоям нақл кардам, гуфтанд, ки эҳтиёт шавам, чунки гум кардани либос дар хоб нишонаи аз даст додани бахт аст. Магар дар ҳақиқат чунин аст?

Сарвиноз, сокини шаҳри Истаравшан

Посух

Дуздида шудан ё гум кардани либос дар хоб таъбирҳои дигар низ дорад. Тавре ки дар баъзе хобномаҳо омадааст, агар дар хобаш либоси касро бидузданд ё онро гум кунад, бояд ба рафтору кирдори одамоне, ки дар гирду атрофаш ҳастанд, диққати ҷиддӣ диҳад, зеро чунин хоб ба он ишорат менамояд, ки бадхоҳон дар атрофи шахси хобдида хеле зиёданд ва барои ба ӯ зарба задан пайти муносиб меҷӯянд.

Зани шавҳардор хоб бинад, ки либосашро гум кардааст ё дуздидаанд, дар оила байни ӯ ва шавҳараш аз рӯйи рашк ҷангу ҷанҷол ба амал меояд, вале ягон ороишоташро гум кунад, хабари нохуш мешунавад. Духтари муҷаррад чунин хоб бинад, ягон қадами ноҷое хоҳад гузошт, ки боиси овозаҳои нохуш мегардад.

Шахси соҳибмансаб хоб бинад, ки либосашро дуздидаанд, нақшаҳояш вайрон шуда, бо мушкилоти корӣ ру ба рӯ мегардад. Гум кардани либос дар хоб нишонаи аз даст додани саломатӣ низ буда метавонад.

Шахсе, ки бо тиҷорат сару кор дорад, агар хоб бинад, ки либоси дӯстдоштаашро гум кардааст ё дуздидаанд, тиҷораташ зиёд дида, муфлис мешавад. Тоҷире, ки чунин хоб мебинад, дар интихоби шарикон ва муносибатҳои пулию молӣ бояд эҳтиёткор бошад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД