formula
Хобномаӣ исломӣ: бо ҳарфи Ғ
8155

 

Ғавғо

Шахсе, ки дар хонаи худ садои мурғ ё товусро хоб мебинад, ба бадбахтӣ дучор гардида, даст ба гуноҳ мезанад. Садои заминларза дар хоб нишонаи ошӯб, низоъ ва ҳисорот аст.

 

Ғайбат, бадгӯӣ

Ғайбату бадгӯӣ нишонаи он аст, ки шахси хобдидаро душманони бефаросат таъқиб мекунанд. Аммо шахси хобдида душманонро мағлуб омада, аз вазъияти мушкил берун мешавад.

Ғайрат

Нафаре, ки дар хобаш барои расидан ба ҳадаф саъю кӯшиши зиёд намояд, дар зиндагӣ ба мақсад мерасад.

Ғарқшавӣ

Нафаре, ки дар хобаш ғарқ мешавад, ба санҷишу имтиҳони қисмат дучор мешавад ё гуноҳ содир мекунад. Чунин хоб ҳушдор аз Худованд аст, то ки шахси хобдида тавбаву истиғфор намояд. Барои шахси бе дин чунин хоб нишонаи он аст, ки бори дигар имкони ба Худованди бузург имон оварданро пайдо намудааст.

Ғор

Ғор барои нафаре, ки дар ҳоли тарс қарор дорад, нишонаи амният аст. Баъзеҳо ғорро дар хоб нишонаи афзудани дороӣ мешуморанд.

Ғуруб, нишастани офтоб

Фурӯ рафтани офтоб дар хоб аз тағйиротҳои судманд дар зиндагии шумо, ҳамчунин рафъи монеаҳо ва беҳтар гаштани зиндагӣ далолат медиҳад. Рафту ғуруб дар осмон дар шакли гурз бошад, кишварро қудрату некуаҳволӣ интизор асту гурзи сиёҳ ҳикмати баръаксро дорад.

Ғӯтазанӣ, ғаввосӣ

Нафаре, ки дар хобаш ба оби баҳр ворид гашта, ба лойқа дармемонад, дучори ғаму ташвиш мегардад. Ғаввос дар хоб нафаре аст, ки дар ҷустуҷӯйи ҳодисаҳои пурмуаммо ва сарпечида асту бо роҳҳои хатарнок пул ба даст меорад.

Ғӯлачӯб

Дар хоб дидани ғӯлачӯб аз зиёд гаштани давлат дарак медиҳад.

Ғулом, канизак

Дар хоб харидорӣ намудани канизак таъбири нек дораду харидорӣ намудани ғулом нишонаи ғаму андуҳ аст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД