shoh palace
Хобномаӣ исломӣ: бо ҳарфи И
9462

 

Ибодатгоҳ, калисо

Ибодатгоҳ дар хоб ба дурӯғ, буҳтон, дилмондагӣ ва таҳқир ё ба навгониҳои динӣ ва дилхушӣ ишора мекунад. Нафаре хоб бинад, ки хонааш ба ибодатгоҳ мубаддал гаштааст, пас хонаи ӯ макони нафарони гирифтори ҳавову ҳавас ва гуноҳ аст.

Издивоҷ, никоҳ, ҷимоъ

Издивоҷ дар хоб нишонаи иззату эҳтиром, боигарӣ ва раҳоӣ ёфтан аз ташвишҳо аст. Агар нафаре хоб бинад, ки бо зани фавтидааш издивоҷ намудааст, агар зани худораҳматияш доро бошад, дороияш ба шавҳараш мемонад. Дар хоб бо нафаре салом кардан барои мард маънои онро дорад, ки духтари ҳамон нафарро хостгорӣ мекунад ва ҳамон мард агар саломро алейк гирад, духтарашро медиҳад, агар ба салом ҷавоб надиҳад, духтарашро намедиҳад. Агар ин нафар ношинос бошад, издивоҷ дар ғарибӣ сурат мегирад. Рафту мард зани худро бо марди бегона хоб бинад, оилааш дорову сарватманд мегардад. Мард дар моҳи ҳаҷ худро бо модар, хоҳар ё зане аз хешу ақрабои наздик ҳамболин хоб бубинад, зиёрати хонаи Худо мекунад. Рафту хобро дар моҳҳои дигар бубинад, муносибаташ бо хешовандон беҳтар мегардад. Издивоҷ дар хоб дар паноҳи Худованд буданро маънидод мекунад. Ҳамзамон издивоҷ ба маънои аз худ намудани маҳорати касбӣ аст. Агар мард хоб бинад, ки духтари ба занӣ гирифтааш реҳлат намудааст, бо коре машғул мешавад, ки ба ҷуз хастагиву кулфат чизе намедиҳад. Рафту зани беморе дар хобаш шавҳар кунаду шавҳарашро набинад ва кӣ будани ӯро надонад, ин зан реҳлат менамояд. Марди чунин хобдидаро низ чунин қисмат интизор аст. Зани бе шавҳар ё шавҳардор дар хобаш ба шавҳар барояд, аз неъматҳои ҳаёт баҳра мебардорад. Марди зандоре дар хобаш духтареро ба занӣ гирад, соҳиби молу мулк мегардад. Хобе, ки дар он мард шайтонӣ мешавад, ягон таъбир надорад. Дар хоб издивоҷ намудани мард бо яке аз занҳои хешаш, ки никоҳ байнашон мамнуъ аст, маънои ба Маккаву Мадина сафар кардану робитаи кандашудаи худро бо наздикон барқарор намуданро дорад.

Издиҳом, анбуҳ

Хоб дидани издиҳом ва анбуҳи одамон нишонаи душманони пинҳониву бадхоҳе аст, ки шахси хобдида нисбаташон эътимод дорад, вале аз ин тоифа зарар мебинад.

Инкор

Нафаре, ки дар хобаш дурӯғро қабул намекунад, пас ба хотири Оллоҳ нафарони некхоҳро қадрдонӣ намуда, айбу нуқсонро пешгирӣ менамояд.

Ислом

Агар фарди мусалмоне дар хобаш дини исломро қабул кунад, шахси самимиву ростгӯ аст. Рафту чунин хобро такроран бубинад, аз бадбахтиву нохушиҳо эмин мемонад. Шахси ғайримусулмон дар хобаш исломро қабул кунад ё шукри Оллоҳ намояд ва ё дар назди Каъба намоз хонад, ин нафар мусулмон мегардад.

Истироҳат

Хоб дидани истироҳат баъди хастагӣ, ба боигарӣ баъди муфлисӣ ишора мекунад. Рафту шахси хобдида бемор бошад, нишонаи наздик шудани соати маргаш аст.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД