sebiston july new
Хобномаи исломӣ: бо ҳарфи Э
12080

 

Экзема

Экзема (бемории пӯст) дар хоб боигарии бо роҳи шубҳанок ба даст овардашуда аст ва шахси хобдида барои он посух гуфтанаш лозим меояд.

Эпидемия, вабо

Эпидемия ва вабо дар хоб ҳамчун азобу машаққат, ногувориҳо ва зарару зиён ба одамон таъбир мегардад.

Эътикоф

Дар хоб эътикоф нишастан ба ҷой ва манзили эътикофнишаста вобастагӣ дорад. Рафту эътикоф дар масҷид сурат гирад, шахси чунин хобдида корҳои некро ба анҷом мерасонад.

Эҳром

Эҳром бастан дар хоб шаҳодати онро дорад, ки шахси чунин хобдида аз ҷимоъ ва гуноҳ худдорӣ менамояд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД