Arzon march 2024
Хобномаи исломӣ: Бо ҳарфи Л
28257

Лаб

Нафаре, ки дар хоб лаби худро бурида бубинад, туҳматзада мешавад. Агар нафаре дар хоб байни лаби худ об бубинад, муносибаташ бо дӯстон вайрон мегардад.

Лаблабу

Нафаре, ки лаблабу хоб мебинад, дар зиндагияш ҳодисаи хуше рух медиҳад.

Лаклак

Дар хоб дидани лаклак маънои ҷамъ шудани издиҳоми зиёди одамонро дорад. Агар лаклакро дар парвоз бубинед, издивоҷи бобарор ва саёҳати бофароғате шуморо дар пеш аст. Ҷамъ омадани анбуҳи лаклакон гувоҳи он аст, ки бо ҷинояткорону дуздон дар робита гашта, бар зиддашон мубориза мебаред.

Лангӣ

Лангидани инсон дар хоб нишонаи имони қавӣ ва саводи динии ӯ аст.

Лой, лойқа, ахлот

Агар инсон дар хобаш либосу мӯйи худро олудаи лойқа бубинад, ин ғаму ташвиш ва хавотириву гуноҳҳои ӯ аст. Дар хоб даруни лойқа гаштан, маънои ғаму ташвиш ва тарсро дорад. Рафту дар бедорӣ замин хушк бошаду инсон лою лойқа хоб бинад, барои нафари чунин хобдида хабари хуш, ҳосили фаровон аст. Агар либос олудаи лойқа шавад, маънои олудаи гуноҳ, ошӯб ва бетартибӣ аст. Дар хоб аз даруни лойқа баромадан маънои аз мушкилот баромадан аст. Шахси беморе чунин хоб бинад, шифо меёбад.

Лошахӯр

Лошахӯр дар хоб ҳамчун беморӣ таъбир мегардад. Шахси солим дар хобаш лошахӯрро ба даст гирад, дучори ошӯбу балво мегардад, шахси бемор онро ба даст гирад, реҳлат менамояд.

Лашкар, қӯшун

Ҷамъ омадани лашкар дар хоб ғолибияти нафаронеро нишон медиҳад, ки ҳамеша ҳақиқату адолатро пайгирӣ мекунанд.

Лӯбиё

Дар хоб дидани лӯбиёи пухта нишонаи нек аст, вале агар лӯбиё норасидаву хом бошад, аз бадбахтӣ, ғаму беморӣ дарак медиҳад.

Либосшӯӣ

Дар хоб либосшӯӣ кардан аз ғаму андуҳ ва ташвишҳо раҳо ёфтан аст.

Лиму

Лиму дар хоб таҷассумгари фарди боимон ва қуръонхон аст, ҳамзамон агар лиму зард бошад, нишонаи беморӣ аст. Лимуи сабз дар хоб аз лимуи зард беҳтар аст. Аксаран лиму дар хоб ба маънои сарзаниш меояд. Дарахти лиму дар хоб нафаре аст, ки ба одамон некӣ мекунад. Ҳамзамон лиму башоратдиҳандаи ҳодисаҳои ҳузноваре аст, ки зиндагии инсонро талх месозад.

Ло иллоҳа иллалоҳ

Дар хоб талафуз намудани ло иллоҳа иллалоҳ (Худованд яккаву ягона аст) аз шунидани хабари хуш дарак медиҳад ва агар шахси хобдида бадбахт бошад, бахту барор ба даст меорад. Рафту ғаму андуҳ дошта бошад, аз мусибат раҳо меёбад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД