Arzon march 2024
Холаам хушдоман шуду душмани ҷонам (қисми 3)
1557

Давомаш ... Аввалашро ин ҷо хонед

Ростӣ, ба ҳама каму кости зиндагӣ тоқат мекардам, агар муносибати шавҳарам ва аҳли оилаашон бо ман хуб мебуд, вале онҳо маро одам ҳисоб намекунанд. Хушдоману хоҳаршӯйҳоям дар симои ман келин не, ғуломро мебинанд.

Ғуломе, ки вазифадор аст чиркашон шӯяд, хӯроку нонашонро пазад, гову молашонро нигоҳубин намояд, вале ягон чиз талаб накунад ва санги осиёбро ба сараш гардон намоянд ҳам, овоз набарорад.

Хоҳарони шавҳарам чандин маротиба маро зада аъзои сиёҳу кабуд карданд. Сабаб-бачаҳояшон бо кӯдакони ман ҷанҷолу ҳақоратгӯӣ намудаанд. Аслан айб дар бачаҳои ман ҳам нест, кӯдакон аз забони бибию бобо ва аммаю амакҳояшон танҳо дашномҳои қабеҳ шунида, мисли тутӣ ин гапҳои ҳаромро азёд кардаанд ва ҳамин, ки ҷанҷол шуданд, ҳамон гапҳоеро ба забон меоранд, ки ҳар рӯз аз калонсолон мешунаванд.

Ленаро диду аз худ рафт

Шавҳарам дар Русия зан дорад. Пештар бо як беваи аз худаш қариб 20 сол калон зиндагӣ карда, тамоми пули меёфтаашро ба ҳамон кампир сарф мекард, вале аз афташ кампираки чаққон ягон марди пулдори дигарро ёфта, ӯро аз хонааш рондааст.

Шавҳарам Барот барқасди кампираш духтари 16 солаеро ба домаш афтонда ба занӣ гирифтааст. Дили ман аз шавҳарам чунон хунук шудааст, ки парвои зангириашро надорам, вале ҷонам аз мушту лагадаш ба лаб расидааст.

Аз Русия, ки баргашт “Ту мисли Лена хушрӯй нестӣ, ту вай барин дар бистар меҳрубонию навозиш карда наметавонӣ” гӯён, маро мурданивор зада, гоҳ дастамро мешиканаду гоҳ биниамро, ҳатто нармаки гӯшамро шикаста буд. Ҷонам аз ҷабри шавҳари муштзӯр ва модару хоҳарони морзабонаш ба лабам расидааст. Дигар ғуломи шавҳару хушдоман будан намехоҳам...

Маҳбубаҳо бисёранд, вале...

Ба ин ҷавонзани аз ҷабру ситами аҳли хонаводаи шавҳар ба ҷон расида роҳи ҳалли масъаларо нишон дода, ӯро назди ҳуқуқшиносон фиристодем, то арзашро ба гӯши мақомотҳои дахлдор расонда, ҳуқуқҳояшро ҳимоят намоянд, вале бо ин масъалаи зӯроварии хонаводагӣ ҳал намешавад.

Маҳбуба барин занҳои ба ҷабру зулми шавҳар, хушдоман, хоҳаршӯй ва дигар аълои оила гирифтор дар кишвари мо, хоса дар деҳот хеле зиёданд, вале “сари кафида зери тоқӣ ” гӯён, мегарданд, зеро ба мо аз замони кӯдаки талқин менамоянд, ки зан набояд сирри оилаашро ба мардум фош созад.

Ин сир пинҳон карданҳо метавонанд оқибатҳои басо нохушро ба мисли худро ба дор овехтан, заҳролуд кардан, дорувориҳои марговар хӯрдани ҷавонзанҳои пайваста дар зери фишору зӯроварӣ қарордошта оварда расонанд.

Дар кишварамон кумитаи кор бо занон ва оила, алянси занҳои ҳуқуқшинос ва даҳҳо идораҳои дигаре ҳастанд, ки метавонанд ба занҳои ба зӯроварии хонаводагӣ гирифтор дасти мадад дароз карда, дар дифои ҳуқуқҳояшон кӯмак расонанд.

Мушкилот дар он аст, ки аксари занҳои зери зулму ситами пайвандон қарордошта дар ин бора маълумоти кофӣ надоранд ва ба куҷо муроҷиат карданашонро намедонанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД