Arzon march 2024
Хона бе розигии соҳибаш фурӯхта мешавад?
15.09.2023
ОИЛА
1010


Дӯсти ман дар муҳоҷират қарор дорад. Бародараш бе розигии ӯ хонаашро фурӯхтааст. Оё чунин амал мумкин аст?

Дӯсти ман чӣ гуна метавонад хонаашро баргардонад?
Аслиддин, аз Нуробод.

Мутобиқи бандҳои 4 ва 5 моддаи 279 Кодекси мадании ҶТ ҳуқуқи ихтиёрдорӣ имконияти бо ҳуқуқ таъминшудаи муайян намудани тақдири ҳуқуқии ашё мебошад.

Ҳамчунин молик ҳуқуқ дорад мутобиқи салоҳдиди худ нисбати ашё ҳама гуна амалро раво бинад, аз ҷумла онро ба шахсони дигар бегона намояд, худ молик монаду ваколатҳояшро дар мавриди соҳибӣ, истифода ва ихтиёрдорӣ кардани ашё ба онҳо диҳад, ашёро ба гарав гузорад ва бо тарзҳои дигар гаронӣ ё маҳдудият муайян намояд ё онро ба таври дигар ихтиёрдорӣ кунад.

Тибқи қонунгузорӣ танҳо соҳибмулк ҳуқуқ дорад ихтиёрдории амволро амалӣ намояд. Дар ҳолати дӯсти шумо фурӯхтани манзили истиқоматӣ танҳо ба соҳиби хона иҷозат дода мешавад. Амали бародари дӯстатон ғайриқонунӣ мебошад.

Барои баргардонидани хонаи истиқоматӣ ба дӯстатон зарур аст, ки ба суд барои беэътибор донистани шартномаи хариду фурӯши манзили истиқоматӣ муроҷиат намояд. Дар сурати қонеъ шудани даъво хонаи истиқоматӣ ба соҳибаш баргардонида мешавад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД