arzon replenishment
“Хона нахарӣ, талоқамро деҳ”-мегӯяд занам
28.05.2023
ОИЛА
1352

Салом хонандаҳои азиз. Ман Манон, ду сол боз дар мулки рус муҳоҷир ҳастам. Бо дипломи олӣ дар сохтмон семент мешӯрам.

Аҳволи муҳоҷирон дар Русия ба ҳама маълум, гоҳ кор меёбем, гоҳ не. Занам ҳар рӯз занг зада доду вой мекунад, ки агар хона нахарӣ, ман аз хона баромад меравам, чунки рӯзидароз хизмати падару модар ва хоҳару додаронитуро кардан ба дилам задааст.

Мефаҳмонам, ки хона харидан кори осон нест, камтар тоқат кун, ҳамин, ки пули кироӣ ҷамъ кардам, мехарем, вале занам худашро ба девонагӣ зада дод мегӯяд, ки мард нашуда мур, ҳунари хона харидан, ки надоштӣ, барои чӣ зан гирифтӣ.

Ду пояшро дар як мӯза андохта истодааст, ки агар хона нахарӣ, талоқамро деҳ. Рӯзҳои охир телефонашро намебардорам, чунки доду фиғони занам ҷонамро ба нӯги биниам овардааст.

Ман дар оила як писар ҳастам, чӣ хел падару модарамро партофта равам?

Дар байни обу оташ монда, чӣ кор карданамро намедонам. Падару модарамро монда равам, айб аст, ҷавоби занамро диҳам, се фарзандам ятим мешаванд. Илтимос, ба мани роҳгумзада маслиҳат диҳед, чӣ кор кунам?

Манон, муҳоҷир аз шаҳри Маскав

Поделиться новостью
Шарҳ
(2)
Ясимин 2023-05-28, 14:43
Якаписар ? Ва боз занаш хизмати додарону хохарони туро кардан ба дилам зад? Определите
Посух
Мухлис 2023-06-03, 17:21
Занро меёби вале падару модаро не фарзандро меёби вале дуои неки падару модаро намеёби .дуои модару падаратро гиру ба гуфтори занат гуш накун ягон нияти палид дорад занад вагарна хонаи падару модарат чи ксми дорад.
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД