formula
Хонаи 700-сола дар Эрон
1239


Кандован, яке аз деҳаҳои хушманзараи Эрон маҳсуб меёбад, ки хонаҳояш ғайри муқаррарӣ сохта шудаанд. Ин деҳа дар қисми шимолу ғарби Эрон ҷойгир буда, хонаҳо ба сангҳои гуногуншакл монандӣ доранд.

Ин деҳа дар наздикии шаҳри Оскуи музофоти Озарбойҷони Шарқӣ ҷойгир буда, хонаҳояш манзилҳои сунъиро таҷассум менамоянд.
Дар ин деҳа як хонаи аҷибе вуҷуд дорад, ки тибқи маълумоти сарчашмаҳои таърихӣ 700 сол пеш сохта шудааст. Ин хона аз сангҳои харобшуда тарошида шуда, бо як қатор таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст ва сайёҳон метавонанд дар ин ҷо истироҳат карда, аз зебогиҳои табиат ва оромии ин деҳа нерӯи тоза бигиранд.

хонаи 1

Дар наздикии ин хонаи таърихӣ ва манзилҳои дигар сокинони ин деҳаи зебоманзар, ки дар доманаи кӯҳ воқеаъ гаштаанд, анбор ва дигар нуқтаҳои зарурӣ хеле зиёд буда, сайёҳон метавонанд аз онҳо истифода баранд. Аз шарҳҳое, ки саёҳон баъди тамошои ин деҳа дар сомонаҳои иҷтимоӣ мегузоранд, маълум мешавад, ки ин деҳа барояшон хеле хуш омада, махсусан хонаи 700-сола яке аз тамошобобтарин ёдгориҳо ба ҳисоб меравад. Ин деҳа бо хонаи 700-солааш ба тамошобинон таъсири мусбат гузошта, далелҳои таърихии ин кишварро ба сайёҳон равшан месозад.


Аз дафтари хотироти сайёҳ

1_1
Яке аз сайёҳон хотираҳояшро аз тамошои ин деҳа чунин баён намудааст: “Ман дар доираи сайругашти хеш дар ин деҳаи зебоманзар будам ва шабро дар хона-ғори қадимӣ рӯз кардам. Ҳаво бениҳоят сард буд. Ба мо ҳамагӣ 2 курпа доданд, яке барои хобидан ва дигаре барои пӯшидан, аммо барои ман ин як таҷрибаи фаромӯшнашаванда буд”.

Як сокини Австралия таассуроти худо аз зебогиҳои ин деҳаи қадимии кишвари Эрон навишта, қайд кардааст, ки ин деҳаро дилрабо мебинам ва сангҳоро дӯст медорам. Мо дар гирду атрофи он хонаҳои гуногунро дидем, вале тамошои ғуруби офтоб дар хонае, ки дар баландтарин нуқтаи ин деҳа ҷойгир шудааст, зебогии нотакрор дошт. Дар меҳмонхона хӯроки болаззат хӯрдем, чой нӯшидем ва хеле бофароғат истироҳат кардем...

3_1

Хулоса, ҳар фарде, ки ба тамошои ин деҳаи аҷиб меравад, аз дидани манзараҳои нотакрораш як ҷаҳон ҳаловат мебарад, вале беш аз ҳама хонаи 700-сола дар ёди сайёҳон нақш баста, чун як хотираи такрорнашаванда боқӣ мемонад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД