Се сол пеш аз биноҳои навсохт хона харидам. Сохтмон кайҳо ба итмом расидааст ва одамон як сол боз дар ин бино зиндагӣ карда истодаанд, вале ҳанӯз он аз комиссияи давлатӣ нагузаштааст. Мехоҳам донам, ки оё мо, соҳибхонаҳо ҳуқуқи фурӯхтани манзили худро дорем ё не? Агар ҳа, ҳуҷҷатгузориаш чӣ гуна сурат мегирад ва ба куҷо муроҷиат кардан лозим аст?
Ҷавоб:
- Шумо метавонед шартномаи бо ширкати сохтмонӣ ба имзо расонидаатонро ба идораи нотариалӣ бурда, дар онҷо ҳиссаи саҳми худро, ки дар сохтмони бинои баландошёнаи истиқоматӣ гузошта будед, ба харидори нав гузаронед. Ё ба ҳамон ширкати сохтмонӣ рафта, ариза навишта, хоҳиш кунед, ки ҳуҷҷатҳои аслии соҳибият ба манзил, яъне шартномаи бо ширкат басташуда ва расидро ба номи харидори нав гузаронанд.