Хонаи Кароматҷон Расулов аз
таркиши лӯлаи газ сӯхтааст
Пас аз як ҳафтаи сар задани сӯхтори шадид дар манзили истиқоматии сокини шаҳри Хуҷанд Кароматҷон Расулов мақомот сабаби сар задани ин ҳодисаи нохушро шарҳ доданд.
Ин ҳодисаи нохуш рӯзи 20-уми сентябр дар маҳаллаи Ҷӯра Зокири шаҳри Хуҷанд рӯй дода, дар манзили истиқоматии Кароматҷон Расулов ном мард сӯхтори шадид сар зад ва навори оташсӯзӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн гашт. Мақомот аз пайи тафтиши ҳодиса шуда, сабабҳои сар задани сӯхторро муайян намуданд.
Тавре ки муовини сардори Раёсати хадамоти давлатии оташнишонии вилояти Суғд Ҷаҳонгир Бобоҷонзода зимни сӯҳбат бо журналистон гуфтааст, сӯхтор дар манзили истиқоматии Кароматҷон Расулова бар асари таркиши лулаи газ сар зада, масоҳати 40 метри мураббаъро фаро гирифтааст. Зарари расида муайян карда мешавад.