arzon replenishment
Хонаи вайрона дар хоб чӣ таъбир дорад?
1610


Шаби гузашта хоби аҷибе дидам. Дар хобам ба хонаи яке аз дӯстонам меҳмонӣ рафтам. Манзилаш хеле зебою пурҷиҳоз, вале як девораш вайрон шуда буд.

Ман дар хоб девори вайронаро ба дӯстам нишон дода, таъкид мекардам, ки онро зудтар таъмир кунад, зеро бисёр хатарнок аст ва манзилаш ба пуррагӣ вайрон шуда метавонад. Аслан хобҳои дидаам дар ёди ман намемонанд, вале аз чӣ бошад, ки ҳамин хоб сахт дар хаёлам нақш бастааст. Мехоҳам таъбири хобамро донам.
Н. , муштарии Оила

Посух
Аслан хоб дидани вайрон чандон фоли хуб нест. Чунин хоб аз сар адани ягон ҳодисаи нохуш дарак медиҳад. Тавре ки дар хобномаҳо омадааст, агар кас хоб бинад, ки ягон минтақа, шаҳре ё деҳае вайрон шудааст, дар он мавзеъ ягон офати табиӣ, аз қабили заминларза ё обхезӣ ба вуқуъ омада метавонад.
Вайрона дар хоб нишонаи дурӯягӣ, макру фиреб, аз даст додани имон, ғарқ шудан дар гуноҳ ва сар задани мушкилот низ буда метавонад. Хонаи вайрона ба хобатон дарояд, вале баъд бинед, ки чи тавр онро аз нав таъмир карда истодаанд, ин нишонаи он аст, ки соҳибони манзил хатои худро фаҳмидаанд ва эътиқодашон ба худованд қавитар гашта, зиндагии нави саршор аз файзу баракатро сар карда истодаанд.
Кас хоб бинад, ки манзили худаш ё ягон дӯсташ қисман вайрон шудааст, ба сари он шахс ягон мушкили хурдакак меояд, вале он ба зудӣ ҳал хоҳад шуд.
Таъбири хоб ба ҷинсият низ вобастагӣ дорад. Вайрона дар хоби зан ба тағйиротҳо дар ҳаёти шахсӣ ишорат мекунад, дар хоби мард бошад, ба вазъияти моливӣ.
Духтари муҷаррад хоб бинад, ки хонааш вайрон шудааст, муносибати ӯ бо дӯстдоштааш вайрон мешавад. Дидани чунин хоб нишонаи он аст, ки марди дар паҳлӯи зан буда, аслан ба вай муносиб нест ва муносибатҳояшон ояндаи хуб надоранд. Кӯшиш накунед, ки муносибати вайрон шудаатонро аз нав барқарор намоед, зеро тақдир ба шумо шахси арзандатареро ҳадя хоҳад кард. Аммо зани ҳомила чунин хоб бинад, ҳаёташ баъди таваллуди фарзанд комилан дигар мешавад.
Мард хоб бинад, ки манзилаш вайрон шудааст, коре, ки бо он машғул шуданист, даромади хуб намеорад. Мард соҳибкор бошад, тиҷораташ касод шуда, муфлис гаштанаш имкон дорад. Мардоне, ки чунин хоб мебинанд, бояд хеле эҳтиёткорона амал намуда, ҳар як қадами худро донистаю санҷида гузоранд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД