Хонандаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №18-и шаҳри Хуҷанд Зафарҷон Раупов дар ду олимпиадаи бонуфузи байналмилалию байниконтиненталӣ - UniCEP JEO-SEO ва XCEL International Competitions, ки моҳҳои апрел ва июли соли 2026 дар кишвари Австралия баргузор шуд, Ҷумҳурии Тоҷикистонро байни намояндагони 55 давлатҳои пешрафти дунё бо сари баланд намояндагӣ намуда, мақомҳои ифтихориро ба даст овард.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд, ба ин муносибат дар майдони назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд Зафарҷон Рауповро намояндагони шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд, маъмурият, омӯзгорон ва волидайну шарикдасонаш истиқбол намуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки Зафарҷон Раупов дар ҳар ду олимпиада аз ду фан - забони англисӣ ва математика иштирок намуда, танҳо ӯ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳар як олимпиада ду адад медалҳои тилоро соҳиб шудааст. Ҳамин тавр, ӯ соҳиби 4 медали тило гардидааст - 2 медали тило аз фанни забони англисӣ ва 2 медали тило аз фанни математика.