Хонандаи мактаби ба номи Юрий Гагарини шаҳри Душанбе Хушнуд Душанбиев дар даври суперфиналии озмуни байналмилалии қироаткунандагони ҷавон “Классикаи зинда - 2026”-и Русия байни 400 довталаб беҳтарин шумурда шуда, сазовори ҷойи аввал гаштааст.
Даври финалии озмун дар Майдони Сурхи Маскав баргузор гашт ва Хушнуд порчаеро аз “Таърихи беморӣ”-и Михаил Зошенко қироат намуда, бо маҳорати баландаш тамошобинони сершумор ва ҳакамонро ба ваҷд оварда, сазовори ҷоизаи “Беҳтарин қироаткунанда” гашт.
Дар озмун 400 нафар довталабон аз мамолики гуногуни ҷаҳон иштирок доштанд, вале Хушнуд бар намояндагони Аморати Муттаҳидаи Араб, Туркия, Беларус, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Чин, Эквадор, Мексика, Малайзия, Белгия, Канада ва Русия бартарӣ нишон дода, беҳтарин дониста шуд.
Хушнуд таҳти роҳбарии муаллими забон ва адабиёти рус Галина Юревна Бауэр ба озмун омодагӣ дида, аз устодаш ва бибиаш Ойимноз Давлатмамадова, ки аз аввалин наттоқони радиои шаҳри Хоруғ ба шумор рафта, барои дастгирии наберааш аз Тоҷикистон ба Маскав рафтааст, изҳори сипос намудааст.
Қобили зикр аст, ки дар озмуни мазкур аз Тоҷикистон ҳамчунин хонандаи синфи 10-уми мактаби ба номи А. П. Чехов Умаров Умарҷон иштирок намуда, то даври суперфинал расидааст.