Arzon march 2024
ХОСТГОРӢ НАЁ ФАРИДУНИ "БАҚЛАШҚА"!
7079

 

Фаридуни "бақлашка", аҷаб номи зебо гузоштанд, туро бачаҳои деҳаи Даҳана. Чаро намефаҳмӣ, борҳо гуфтаму мегӯям, ки падари ман бо авлоди ту хешу табори кардан намехоҳад! Як рӯз модаратро ба хонаамон мефирстӣ як рӯз падаратро.

Шумо ин қадар авлоди паст ҳастед,ки ҷаввоби рад диҳем ҳам боз шарм надошта ба хонаамон хостгорӣ меоед. Барои марди банангу номус ҳамин қадар гап бас аст: “Умре бе шавҳар мемонаму зани ту барин авбоши бетарбия намешавам!" Ҳар дам бо зангҳои таҳдидомезат ҷонамро ба лабам нарасон, вагарна….

Ту мард мебудӣ, дидаву дониста хостгор намефиристодӣ. Нағзакак медонӣ, ки дар дили ман муҳаббати Собири ҳамдеҳаамон шӯъла мезанад ва ту дар ду дунё наметавонӣ ҷои ӯро дар дилам бигирӣ, вале боз дидаву дониста ба болои Собир пой гузошта истодаӣ. Охир, Собир дар як кӯча дар як ҳамсоягиатон бо ту зиндагӣ мекунад, вале намедонам бо кадом ақлу виҷдон ибоз шилқинӣ карда, асабҳои харобгаштамро харобтар карда истодаӣ. Дигар раиси маҳаллаву директори мактаб ва муовини ҷамоатро ба хонаи мо набиёр, мо қарорамонро баровардем, тамом ва салом! Ба хотири дороии падарам бо ман хонадор шудани бошӣ, бидон, ки ин кори осон нест. Намегузорам, ки дили волидонамро ба даст биёрӣ. Сад бор хостгор фиристӣ ҳам, тамоми мардуми деҳаро биёрӣ ҳам, ҳеҷ гоҳ ба мақсад намерасӣ! Туро намехоҳам, чаро инро фаҳмидан намехоҳӣ?! Ҳар боре, ки туро дар наздикиҳои хонаамон мебинам, дилам танг мешаваду сарам ба дард меояд. Аз ту нафрат дорам, Фаридуни бақлашка!    

Н. Сокини деҳаи Даҳана

 

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД