sebiston july new
Хотироти бевазан
1978

 

Қисми 4

- Дар зиндагӣ дар ин сину сол ҳамин қадар рӯзҳои бадро аз гузаронида будаед. Қурбони ноадолатию меросталабиҳои фарзандон гаштаед, -ба ҳоли Фирӯза раҳми Марҳабо омада гуфт. Фирӯзамбо аломати тасдиқ сар ҷунбонда афзуд.

- Агар рӯзноманигоре ё нависандае саргузашти талхи маро рӯйи дафтар орад. Ё аз он ягон намоиши театрӣ ва ё филме ба навор гиранд, бовар кунед тамоми ҷоизаҳое,ки барои синамо медиҳанд, соҳиб мешавад. Ҳатто ба ҷоизаи Оскар.

-Рост зиндагии талхеро паси сар кардаед.

-Апаи Марҳабо духтар, ки аз хонаи падар рафт ба ҳеҷ куҷо намеғунҷидааст. Бар замми ин зани бева ангуштнамо мешудааст. Бовар кунед дигар ҳар як қадамат зери назорати мардум мешавад. Зани танҳову бева будан ниҳоят мушкил, агар ҷавон бева монда бошед боз мушкилтар. Чанд сол вақте ҳоло коре пайдо накарда будам фарзандонам гуруснаву белибос мегаштанд. Шавҳарам алюминпулӣ намедод.  

Вақтҳои охир ба фарзандонаш ҳам нигоҳ намекард. Дар байни бемор шуду ин дунёро тарк гуфт. Ӯ шароб нӯшид ва билохира шароб умри ӯро хӯрд. Хушдоманам ҳамроҳи хоҳарарӯсонам маро ба ҷанозаи шавҳарам нагузоштанд. Хулласи гап онҳо тамоми мероси хусурамро соҳиб гашта хонаро фурӯхтаанд ва пулашро миёни ҳам тақсим карданд.

Хушдоманамро чанд сол пайи ҳам дар хонаашон бурданд вале ӯ дар он ҷо дер нағунҷид. Ман ӯро ба хона овардам. Ин вақт аллакай ман соҳиби хонаи шахсӣ будам. Хушдоманам баъди андак бо ман зистан гирифтори беморӣ шуд. Афсӯс то ҳол шифо наёфт. Духтаронаш ҳатто ба дидорбинӣ намеоянд. Дар урфият мегуянд духтар меҳрубон мешавад, вале аз чӣ сабаб бошад, ки хоҳарарӯсонам ин тавр нест. Ҳатто як бор ҳам аз ҳолаш хабар нагирифтанд.

-Барои ҳамин ҳам Шумо хушдоманатонро ҳамроҳӣ карда истодаед?

-Бале!

- Ба ҳама зулмаш нигоҳ накарда?

- Мо ҳама бандаҳои шири хом хӯрдаем, хато мекунем. Метарсам, ки рӯзи ба сари хушдоманам омада ба сари ман ҳам рӯзе ояд. Ман хушдоманамро бахшиидам. Аслан ӯ айб надошт. Агар таҳрики хоҳарарӯсонам намебуд мо ҳоло индагии хуб доштем. Шояд шавҳарам ҳам зинда буд!? - ҳамин замон аз тиреза Фирӯзаро дида ҳамешара ҷеғ зад.

- Фирӯза ҳей Фирӯза зуд биё, ки ҳоли хушдоманат бад шуд, -Фирӯза даррав бо Марҳабо хайру хуш карду назди хушдоманаш шитофт. Ин замон Инобатхола дар ҳоли ҷонканӣ қарор дошт. Фирӯза давида омаду дастони хушдоманашро молиш дод.

- Модарҷон ҳоло ҳамааш хуб мешавад. Каме сабр кунед.

- Не келин ман умрамро дидам. Шояд ин охирон дидори ману ту бошад. Ман назди писарам мешитобам. Ӯ маро он ҷо мунтазир аст.

-Ин тавр нагӯед. Ҳоло набераҳоятонро оиладор мекунем. Ҳоло ҳамааш дар пеш аст,- ашки талхе рӯйи Фирузаро шуст. Аз дасти ӯ бисёр зулм дида бошад ҳам вале мисли модараш шуда буд.

- Келин маро бубахш. Ман сахт иштибоҳ кардам. Дар ҳаққат ноадолатиҳо кардам. Чашмонам кӯр шуда буд. Духтаронам аз пушти молу давлат рафта моро хонавайрон карданд. Онҳо муқаддас будани оиларо дарк накарданд. Набераҳоям ҳам дар муҳити носозгоре ба воя расиданд.

- Модарҷон худро азоб надиҳед.

- Келин маро бубахш. Аз ман розӣ шав. Агар хушдоман шудӣ ба келинат ин тавр меносибат накун. Ман аз хушдоманам озор дида гуфта аз вай қасд нагир, -Инобатхола ин гапро гуфту дасташ аз дасти келин оҳиста афтид. Вай ҷон ба ҷонофарин таслим кард. Фиғони Фирӯза ба фалак расид. Духтурон давида омаданд. Ҳарчанд кӯшиш карданд вале дигар дер шуда буд. Пой ва дастони Инобатхола сард шуда омадан гирифт. Аз байн солҳо гузашт Фирӯза тифоқан бо Марҳабо вохӯрд ва ҳодисаҳои аз сараш гузаронидаро гуфт. Келинчак барои ором хоб рафтани хушдоманаш ҳар ҳафта сари қабри ӯ мерафту фотиҳа мекард. Худ ба худ меандешид, ки бояд инсон ин умре, ки дар ихтиёр дорад бо некиву накӯкорӣ гузаронад. Ширинзабону хушгуфтор бошад. Мегӯяндку ба "кӯҳ овози хуш деҳ, ки хуш ояд". Ин гапҳоро гуфту аз сари қабри хушдоман рафт.

 

 

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД