arzon replenishment
Хӯриш бо “Гулкарам”
2186

 

                            Маҳсулоти лозима:

600 грам – гулкарам

200 грам – бодиринг

300 грам – помидор

170 грам – сабзӣ

50 мл – равғани растанӣ

Укроб, сирпиёз, уксус

                           Тарзи таҳия:

Дар аввал гулкарамро тоза шуста, дона - дона реза карда, дар зарф мегирем. Ба зарф об рехта, намак илова мекунем ва дар оташи паст мегузорем, то ки гулкарамҳоро 5 дақиқа дар об меҷӯшонем. Баъдан бодиринг, помидорро дароз – дароз реза карда, дар зарфи алоҳида мегирем. Сабзиро аз сабзигузаронак мегузаронем, дар зарф мегирем. Гашнич, укроб, барги хӯришро реза карда, дар зарф мегирем. Гулкарамҳои обҷӯшидаро аз болояшон мегирем. Дар зарфи дигар 2 – қошуқ соус барои хӯриш, 50 мл равғани растанӣ, 1 қошуқча уксус, ним қошуқча мурч ва 2 дона сирпиёзро аз тарошак гузаронда ҳамроҳ мекунем, хуб омехта карда, ба хӯриш илова мекунем. Хӯришро омехта карда, дар зарфи хӯришгирӣ мегирем.

Бо иштиҳо бошед!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД