Arzon march 2024
Хӯриши “Бонапарт”
879


Мехоҳед дар рӯзҳои истироҳат барои аҳли оилаатон ягон хӯриши болаззат тайёр карда, аҳли оилаатонро шод созед? Мо ба шумо тарзи тайёр кардани як хӯриши гувороро ёд медиҳем, ки “Бонапарт” ном гирфтааст.

Ин хӯриш сабук ва иштиҳовар буда, дастурхони шуморо зебу зиннати дигар мебахшад.

Маҳсулоти лозима:

60 г картошка, 200 г замбурӯғ, 60 г сабзӣ, 60 г пиёз, 150 г гӯшти мурғ, 100 г панири сахт, 2 тухм, 50 г майонез, намаку мурч, 30 мл равғани растанӣ.

Тарзи таҳия:

Замбурӯғро шуста реза карда, дар тоба бирён кунеду як тараф гузоред. Пиёзро низ реза карда, бирён кунед. Картошкаву сабзии обпазро маҳин реза кунед. Гӯшти мурғро дар об пухта, реза кунед. Тухми обпаз ва панири сахтро аз турбтарош гузаронед. Хӯришро қабат ба қабат тунук карда, аввал картошка баъд гӯшти мурғ, пиёзи бирён, замбурӯғ, сабзӣ, тухм, панирро тунук карда, ба ҳар қабати он майонез молед.

Иштиҳои том!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД