Formula novemver 2024
Хӯрокҳои фоиданок ва зараровар дар моҳи шарифи Рамазон
24.03.2024
ОИЛА
813

Рамазон моҳи пурфайзест, ки баракати зиндагии мардумро афзун месозад. Рӯзадорон шомгоҳон дастурхони ифтори худро пур аз хӯрданиҳои лизиз ва бомазза месозанд, то қусури рӯзи дароз рӯза доштанашонро бароварда, шикамсерӣ хӯрок хӯранд, вале баъзе ғизоҳое ҳастанд, ки хӯрданашон дар давраи рамазон зараровар аст. Барои эмин доштани шумо аз ҳар гуна бемориҳо мо дар бораи хӯрданиҳои фоиданок ва зараровар дар рамазон маълумот медиҳем.

1. Шӯрӣ ва тезӣ нахӯред!
Албатта ҳатто дар рӯзҳои начадон гарми баҳорӣ низ 12-13 соат рӯза доштан осон нест. Рӯзадорон гуруснагиро чандон сахт эҳсос накунанд ҳам, бештар ташна мемонанд. Одами болиғ дар як рӯз бояд на камтар аз ду литр об нӯшад, аммо дар рамазон ҷисми мо ба миқдори зарурӣ бо об таъмин намегардад. Барои он ки ташнагиро камтар ҳис кунед, аз хӯрдани хӯрокҳои шӯр худдорӣ намоед. 
Хӯроки серравған зарар дорад
Аксари рӯзадорон ба хотири бештар қувват гирифтан дар моҳи шарифи рамазон хӯрокҳои бирёнӣ ва серравған мехӯранд, вале ин кори хато аст. Вақте ки шумо хӯрокҳои серравған ва серколлорияро истеъмол мекунед, ҷисм барои ҳазм намудани он энергияи зиёдеро сарф менамояд ва дар натиҷа беҳолу бемадор мешавед. Аз ҳамин хотир, дар давраи рамазон хӯрдани хӯрокҳои серравған тавсия дода намешавад. Албатта мо гуфтанӣ нестем, ки хӯрокҳои бирёниро аслан истеъмол накунед. Хӯред, вале аз ҳад зиёд серравған набошад. Беҳтараш хӯрокро бо равғани пахта ё офтобпараст пазед. Ҳазм кардани равғани зард ва гӯсфанд душвор аст.
Ҷурғот ва кефир фоида дорад
Тибқи меъёр хӯроке, ки инсон дар давоми шабонарӯз мехӯрад, бояд 12-15 % аз сафедаҳо, 30-35% аз равған, калсий ва дигар моддаҳо иборат бошад. Барои он ки ҷисми шумо бо ин моддаҳои муфид таъмин гардад, бештар асал, шир, ҷурғот, кефир хӯред. Бояд гуфт, ки ҷурғот ва кефир барои кори бонизоми меъдаву рӯда низ ёрӣ мерасонад.
Тезӣ нахӯред, асабонӣ мешавед!
Вақте ки инсон рӯзи дароз хӯрок намехӯрад, системаи асаб хароб гашта, асабонӣ мешавад ва худро хаставу бемадор ҳис мекунад. Асабоният беш аз ҳама ба меъда зарар дорад. Барои он ки ба меъдаи шумо зиёни бештар нарасад, дар давраи рамазон аз хӯрдани хӯрокҳои тезу тунд худдорӣ намоед. Хӯрданиҳои тезу тунд сатҳи кислотаро дар организми инсон баланд намуда, кори системаи ҳозимаро вайрон мекунанд.
Гӯшти ҷӯшондашуда чӣ фоида дорад?
Албатта рамазонро бе гӯшт гузаронида намешавад, вале ба ҷойи гӯшти бирён гӯшти дар об ҷӯшондашуда, масалан шурбо хӯред, беҳтар аст. Гӯште, ки дар об ҷӯшонида шудааст, ба ҷисми инсон фоида дорад. Кӯшиш кунед, ки дар давраи рамазон бештар шӯрбои бо гӯшт ва ҳар гуна донагиҳо, аз қабили нахӯд ва лубиё пухташударо истеъмол намоед. Донагиҳо аз сафедаҳо бой ҳастанд ва шумо худро бардаму бақувват эҳсос хоҳед кард.
Киҳо бояд рӯза нагиранд?
Ба занҳои ҳомиладор, тифли ширмак дошта, ҳамчунин ба маризоне, ки захми меъдаву рӯда ва касалии қанд доранд ё ба дигар бемориҳои вазнин гирифтор мебошанд, рӯза доштан тавсия дода намешавад.
Рӯза доштан ба киҳо фоида дорад?
Рӯза доштан дар моҳи мубораки рамазон фарз буда, дар баробари ин, барои саломатӣ фоидаҳои зиёде дорад. Шахсоне, ки аз вазни зиёдатӣ азият мекашанд, рамазон барояшон шанси беҳтарин аст, то ки бо роҳи рӯза доштан вазни худро партофта, хушқаду қомат ва солим гарданд. Рӯза ҳама гуна ифлосиҳоро бароварда, ҷисми инсонро аз дарун пок месозад, аз ин лиҳоз барои одамони ҷигар ва роҳҳои талхагузарашон иллат дошта фоиданок аст. Ба гирифторони бемориҳои дил низ рӯзадорӣ фоида дорад. Дар моҳи шарифи рамазон бо шарофати рӯза доштан намакҳои дар ҷисми инсон ҷамъшуда низ оҳиста-оҳиста об мешаванд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД