toyota motors
Хуҷанд: донишҷӯёни Донишкадаи политехникӣ дар озмун ҷойҳои намоёнро ишғол карданд
109

Донишҷӯёни Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд дар Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин донандаи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» фаъолона иштирок намуда, дар номинатсияи даставӣ-амалӣ ҷойи якум ва дар номинатсияи даставӣ-назариявӣ мақоми дуюмро соҳиб шуданд.

Бино ба иттилои донишкадаи мазкур, Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин донандаи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон, 30-солагии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ва Рӯзи кормандони мақомоти андоз бахшида шудааст. Он бо ташаббуси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон гузаронида шудааст.

- Баланд бардоштани сатҳи донишҳои назариявӣ ва амалии донишҷӯён дар соҳаи қонунгузории андоз, рушди маърифати андозсупорӣ ва ҳисси хештаншиносии ҷавонон, омода намудани мутахассисони баландихтисос барои мақомоти андоз ва соҳаи иқтисод ва тақвияти ҳамкорӣ байни муассисаҳои олии таълимӣ аз ҳадафҳои озмун буданд,- меафзояд манбаъ.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД