Commerc banl
Хушдоман гунаҳгор ё келин?
23.02.2026
Oila.tj
58

Ҳафтаи гузашта дар “ОИЛА” мусоҳибаи ҳамкорамон Фирӯза Сатторӣ бо рӯзноманигор Сурайё Рабиева таҳти унвони “Келинро сарзаниш не, тарбия мебояд” чоп шуд. Дар ин мусоҳиба Сурайё Рабиева мегӯяд: “Моҷарои келинҳо бештар аз хушдоман ва сардори оила вобаста аст, чунки арӯс аз хушдоман зиндагидориро меомӯзад. Агар дар оила якдигарфаҳмӣ, иззату ҳурмат байни ҳамдигар бошад, баҳсу мунозира сар намезанад. Хушдоманҳо бояд модарвор роҳи дурусти зиндагиро ба келинҳо нишон дода, хато ва камбудиҳои ҷавононро ба нармӣ ба онҳо фаҳмонанд...”. Ин ҳарфи Сурайё Рабиева боиси сар задани баҳсу мунозира дар байни хонандагони “ОИЛА” шуд ва ба суроғаи мо чандин номаву назар ворид шуд, ки чандеро интихобан манзури шумо мегардонем.

Саодат Қудратова: ба ҷойи аз паси мӯд давидан, пули шавҳаратонро ҷамъ кунед, келинҳо!

- Келине ки мехоҳад, алоҳида зиндагӣ кунад, бигузор меҳнат кунад, кор кунад, маблағи ба даст овардаи шавҳарашро аз паси мӯд гашта, чор тараф пош надиҳаду ҷамъ карда соҳиби хонаи алоҳида шаваду зиндагӣ кунад. Падару модар ҳам оҳанин нестанд. Онҳо ҳам азоб кашида, меҳнат карда соҳиби хонаву дар шудаанд, фарзандҳоро хононда, соҳибмаълумот ва мутахассиси ягон соҳа кардаанд, оиладор кардаанд. Агар келин барои хӯрок пухтану ҳурмати хусуру хушдоманро ба ҷо овардан худашро хизматгор ҳисоб кунад, хусуру хушдоман ҳам вазифадор нестанд, ба онҳо хонаи алоҳида харида диҳанд.

Ҷӯрақулова Фариза: хушдоман сарпӯши дег аст

- Хушдоман сарпӯши дег аст. Келинҳо ҳама корро аз онҳо бояд ёд гиранд, ҳамин телефонбозӣ карда, бо модарашон дар бораи оилаҳояшон, ки нарезондаву начаконида гуфтанд, корро бало мезанад.

Мавҷуда Мирзоева: модаршӯй нафорад, бачаи беоча кобед!

- Ба духтаре, ки хушдоман намефорад, пури бачаи беочаву беота. Ба ҳамонҳо ба шавҳар бароянд. Ё хонадомод кунанд. Як модар 26-30 сол бача калон мекунад, баъд бачаш хуб, очаш ганда... Сабр кунед, ҳоло хушдоман мешавед, ана баъд маънои гапҳои маро мефаҳмед.

Барно Раҷабова: келинҳои ҳозира фақат дар фикри аз худ кардани хона ҳастанд

- Ягон хушдоман намехоҳад, ки ба зарари зиндагии хонаводааш рафтор кунад, чунки ӯ умри худро дар хона ба тарбияи фарзанд бахшидааст. Ӯ ягон чизи дунёро бо худ бурданӣ нест, келинҳои ҳозира фақат фикри аз худ кардани хона ва чизу чора доранд. Андеша намекунанд, ки мо ҳам бояд мисли хушдоманҳо сабр карда, меҳнат карда, ба ҳамин рӯзҳо бирасем...

Майсара Шарипова: волидон бояд бетараф набошанд

- Дар зиндагии фарзанд, хоҳ духтар бошад, хоҳ писар, волидайн бояд бетараф набошанд. Дар худамон шароит нест, ки бачаро зан дода зиндагиашро даррав алоҳида кунӣ. Сабр мебояд ва ҳамдигарфаҳмӣ.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД