sebiston july new
Хушдоманамро куштам Қисми 2
1382

Марги мармузи хушдоман

Рӯзи дигар бемории хушдоманам овоза шуд, чун ба ёдаташ рафтам, беҳаракат рӯйи бистар мехобид. Дасту пойи чапаш умуман кор намекард, лабаш низ каме каҷ шуда буд. Ӯ маро дидан замон канда-канда гуфт:

-Кӯ- д-акора кушт…. Куушт…,-ман худро ба нодонӣ задам, касе намефаҳмид, ки хушдоманам чӣ мегӯяд, ғайр аз ман… Хушдоманам ба зӯр гап мезад, чун шавҳарам наздаш сари ду по нишаст, ӯ бо дасти сиҳаташ оҷизона чанд мушт ба бозуи ӯ зада, ҳамон гапҳояшро такрор мекард… Куштӣ…. Куштӣ… Шавҳарам бо оби чашм “оча, очаҷон, чӣ мегӯед” мегуфту халос…

Баъди се рӯзи ин воқеа хушдоманам дунёро тарк гуфт, ман худамро пеши рӯҳи ин зани хубу беозор гунаҳгор эҳсос мекардам, аммо хурсанд будам, ки касе сабаби ба ин ҳол гирифтор шудани хушдоманамро нафаҳмид. Афсӯс, бехабар будам, ки Худованд огоҳу доност ва ягон гуноҳи бандааш аз назари ӯ дур нахоҳад монд. Шавҳарам нӯшиданашро кам карда буд, мо аҳли хонавода низ ба ин одат кардем.

Аммо азобҳои ман баъд сар шуданд….

                                 Соҳибдори бесоҳиб…

Бо гузашти солҳо падару модарам аз дунё гузаштанд, хоҳари ягонаам мисли хушдоманам аз сактаи мағзи сар оламро падруд гуфт, зани додарам бо ман ҳамеша ҷангӣ буду аз дасти моҷароҳои ӯ бо як додар рӯйнодид будам. Фарзандонам қад кашида, ба воя расиданд. Духтари якумам се бор хонавайрон шуду ҳоло бо шавҳари чорумаш марди пири занмурда зиндагӣ дорад, сараш сабз нашуд… Духтари дуввумам ба ҷабри хушдоман тоб наоварда, худашро оташ заду бо тифли шашмоҳаи батнаш ба таври фоҷиавӣ ҳалок шуд. Писари калониям ба духтари шаҳрие ошиқ шуду мо ӯро келин карда, ба хонаамон овардем, келин ба зӯр танҳо се моҳ тоқат кард. Инак, бист сол мешавад дар Русия зиндагӣ мекунанду ба ману падараш ҳатто занг намезанад, писари хурдиямон майхораи гузарост. Занаш ду фарзандашро гирифта, ба хонаи волидонаш рафту писарам ба Қазоқистон. Намедонам дар мулки ғурбат чӣ ҳол дорад.

Имрӯз ману шавҳарам дар кӯлбаяки вайронаи худ мисли ду бесоҳиб, бефарзанд ва бе паноҳ зиндагӣ дорем. Шукронаи ҷиянҳои шавҳарам, ки гоҳ-гоҳ аз аҳволамон хабар мегиранд. Саломатии шавҳарам хуб асту бо деҳқонии ӯ рӯз мегузаронем, ман умуман аз ҷоям хеста наметавонам, миёнам дардманд аст. Дар зиндагӣ чӣ уқубате, ки кашидам, ҷазои нописандии даврони ҷавонӣ ва уболи ҷони хушдомани хубам аст, дигар ҳеҷ…

Кош, зиндагӣ аз сар мегашт….

                                            Гуландом

                                           Таснифи Нисо Холид       

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД