formula
Хушдомани хуб сарпӯши дег аст
09.04.2023
ОИЛА
703

 

Меҳмони навбатии мо муаллимаи собиқадор, Мухторова Дилором ҳастанд, ки ҳоло дар шаҳри Читаи Руссия зиндагӣ мекунанд. Саволи мо ба муаллима дар бораи ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳурмати тарафайни келину хушдоман аст.

Ман як умр бо хушдоманам дар як хона зиндагӣ мекардам, соли 1970 маро келин карда оварданд. Соли 1971 шавҳарамро ба хизмати ҳарбӣ даъват карданду ман бо хусуру хушдоманам ду сол омадани он касро мунтазир мондем. Соли 1974 хусурам аз олам гузаштанд ва ҳамин тавр, бо хушдоманам зери як бом 35 сол зиндагӣ намудем. Он кас зани меҳрубон, чаққон ва сахтгир буданд, ба ман дар тамоми корҳои хона ёрӣ расонданд, набераҳояшонро тарбия карданд. Аз хушдоманам миннатдорам, ки маро иҷозат доданд, ки хонам. Вақте ман ба хонадони онҳо келин шуда омадам, нав курси дуюмро ба итмом расонида будам. Дастгириҳои он кас буд, ки ман донишгоҳро хатм намуда, баробари шавҳарам кор карда, бори зиндагӣ мекашидам. Рӯҳи ин модари бузург шод бошад.

Имрӯз ман худам чор келин дорам, ки ҳар кадоме дар алоҳидагӣ умр ба сар мебарад. Ману хӯҷаинам бо писари хурдӣ зиндагӣ мекунем, келинҳоям ҳама чаққону озодакор буда, аз ӯҳдаи ҳама кору бори зиндагӣ мебароянд. Дар муносибат бо келинҳоям албатта аз таҷрибаҳои аз хушдоманам омӯхта кор мебарам. Барои муносибати хуб калонсолон бояд қадами аввалро гузоранд, яъне келинро чун фарзанди хеш қабул намоянд ва ҳар рафтори хубу бадашро бо меҳрубонӣ фаҳмонанд. Келинҳо бояд фаромӯш накунанд, ки ҳар хушдоман бо ҳазорон умеду орзу келин карда меорад ва мехоҳад, ки орзуҳои дар дил доштаашро дар симои келинашон бубинад. Хушдомани хуб сарпӯши дег аст ва ҳеҷ гоҳ сири хонаводаро берун намебарорад. Бо келинаш мефахрад, ки ҳамин хел духтари донову зебо ва кордон ҳамсафари умри фарзандаш аст.

Рӯзгор мисли ғор аст, агар келин баробари писаратон кор кунаду як паҳлӯи зиндагиро бардорад, ин хуб аст. Келин ҳам бояд дар девори ин муносибатҳои ҳасана хиштҳое аз меҳру муҳаббат монад. Барвақт аз хоб хестану аҳли хонаводаи шавҳарро бо чеҳраи кушод сари дастархон хондан, ҳамеша сарфаю сариштакор будан, бо хушдоман ва аҳли хонавода бо меҳр ҳарф задан зиннаи аввали ин муносибатҳост.

Келине, ки сирри хонаводаи шавҳарро ба берун мебараду аз як эроди хушдоман воҳимаҳои зиёд месозад, забони ширин надораду чеҳрааш кушода нест, сарфаю сариштакориро намедонад, оё метавонад соҳибэҳтиром бошад? Гумонам ин гуна зан на дар хонавода ва на дар ҷомеа мавқеи хешро намеёбад. Як чизро аз хотир баровардан лозим нест, ки чӣ қадаре, ки хушдоманро азиз доред, ҳамон қадар шавҳаратон шуморо дӯст медорад. Сири муносибатҳои зебои хушдоману келин якдигарфаҳмӣ ва ҳурмату эҳтироми байни онҳо мебошад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД