Наргис, ки ҳамеша ба бахту зебоии Гуласал бо чашми адоват менигарист, вақте шунид, ки Гуласал дар ҳолати кома асту умеди зинда монданаш нест, хурсандиашро дошта натавонист.
Ӯ лабханди хунуке зада, оромона ба гӯши Таҳмина пичиррос зад:
- Аҳволашро бин, дидӣ? Мегуфтанд-ку, ҳусни зебо бахт намеорад. Ҳоло куҷост он зебоиаш? Касе, ки роҳи моро буриданӣ мешавад, оқибаташ ҳамин аст.
Таҳмина низ бо такаббур заҳрханда карду ба дари ҳуҷра наздик шуд. Дар дарун Гуласал бо чеҳраи заъфаронӣ беҳаракат мехобид. Наргис дар дил гуфт: “Кӯдак-ку солим. Аммо модараш ки рафт, ин тифл ҳам бесоҳиб мемонад ва бахти ин хонадон дигар ҳеч гоҳ барқарор намешавад”.
Онҳо ба назди модари ашколуди Гуласал омада, бо сохтакорӣ гуфтанд:
- Эҳ, холаҷон. Чӣ илоҷ, тақдир ҳамин будааст-да.
- Худатонро нахӯред, ҳамаамон меравем,- гуфт Наргис, вале дар дарун аз шодӣ парвоз мекард, ки душманаш соатҳои охирини умрашро мешумораду дигар монеи роҳи онҳо нахоҳад шуд.
Аммо онҳо намедонистанд, ки оҳи модари музтар ва дуои тифли бегуноҳ қудрате дорад, ки метавонад тақдирро тағйир диҳад ва ҷодуро ба синаи худи ҷодугарон баргардонад.
Дар он рӯзи сеюм, вақте ки умеди ҳама бурида шуда буд ва Таҳминаву Наргис аз шодӣ дар куртаашон намеғунҷиданд, чашмони Гуласал оҳиста-оҳиста кушода шуданд. Муъҷизае рух дод. Гуласал аз чанголи марг раҳо ёфт.
Баъди шифоёбӣ ӯро волидайн бо тифлаш ба хонаи худ бурданд. Модар бо меҳру дуо, пинҳон аз чашми бадхоҳон Гуласалро нигоҳубин мекард. Ӯро бо гиёҳҳои шифобахш оббозӣ медоронд, дуохонӣ мекард ва лаҳзае аз пешаш дур намешуд.
Рӯзҳо мегузаштанду модару кӯдак нерӯ мегирифтанд. Чиллаи тифл ки пур шуд, Гуласалро бо писарчаи дӯстрӯякаш, ки мисли моҳ метобид, бо тантана ба хонаи шавҳараш оварданд.
Рустам, ки зери таъсири гапҳои сӯзноки Наргису Таҳмина нисбат ба Гуласал сард шуда буд, вақте кӯдакро бори аввал ба оғӯш гирифт, ҳама чиз дар дарунаш барҳам зад. Тифлак бо чашмони маъсумаш ба чашмони падар нигариста, табассуми ширине кард. Дар як лаҳза меҳри падарӣ дар вуҷуди Рустам ҷӯш зад. Он яхҳое, ки дар дилаш нисбат ба занаш Гуласал баста буданд, айнан мисли барфи баҳор об шуданд. Ӯ Гуласали хазонзада, вале парҳезгору сабурро дида, аз кардаҳои худ пушаймон шуд.
Рустам бетаъхир ба назди Наргис рафт. Нигоҳи ӯ дигар он нигоҳи шефтаву асири пешина набуд. Қатъӣ гуфт:
- Наргис, дигар хаёли ба хонаи ман омаданро аз сарат дур кун. Ман фарзандамро, занамро партофта наметавонам. Гуласал модари фарзанди ман аст ва ман ҳеҷ гоҳ ӯро талоқ намедиҳам. Ба зиндагии ман дигар дахолат накун.
Наргис аз ин суханон соате шах шуда монд. Тӯфони ҳасад ва алам вуҷудашро фаро гирифт, чун тамоми нақшаҳояш барбод рафта буданд. Аммо қасоси табиат ва зарбаи ҷодуи ботилшуда беҷавоб намонд. Тӯли ин чанд вақт Таҳмина, ки бо Наргис ҳамдаст шуда, ҷодуи кашмириро ба сари Гуласал оварда буд, якбора ба як дарди бедавову даҳшатнок гирифтор шуд. Табибон аз аҳволи ӯ нигарон шуда, ҳеҷ ташхисе ёфта наметавонистанд. Ақли Таҳмина соат ба соат беҷо мешуд. Шабҳо, вақте ҳама дар хоби ширин буданд, ӯ аз ҷой хеста, ба ҳавливу кӯча мебаромад. Нимишабӣ бо дарахтон, бо сояҳо ва бо худаш гап мезад, фарёд мекашид ва хандаҳои ваҳшиёна мекард. Аз ҳама даҳшатнокаш ин буд, ки Таҳмина ба духтарчаи бегуноҳи худаш раҳм намекард. Бе ҳеҷ сабаб, аз ҷояш мехесту бо ғазаб духтарчаи хурдсолашро зери шаттаву мушт мегирифт. Кӯдаки бечора аз тарси модари ақлбохтааш дар кунҷе ларзида мегирист.
Ҷодуе, ки Таҳмина барои нест кардани бахти Гуласал фармоиш дода буд, акнун аъзои худашро мехӯрд ва ақлу ҳушашро аз ӯ мегирифт.
(Давом дорад)
Шаҳлои НАҶМИДДИН