Commerce bank may-june 2026
Таксист рӯзамро сиёҳ кард
02.08.2026
Oila.tj
190

Салом хонандагони азиз! Бо дили пур аз дард ин номаро менависам. Солҳо буд, ки мехостам рози диламро ба касе бигӯям, вале аз тарси маломати мардум хомӯш будам. Имрӯз умед дорам, ки шояд хонандагони рӯзнома ба ман маслиҳати дуруст диҳанд.

Ман 32-сола ва модари ду фарзанд ҳастам. Солҳои аввали зиндагии оилавиам чандон хуш набуданд. Шавҳарам ба издивоҷи мо розӣ набудааст ва ҳамеша эҳсос мекардам, ки маро аз рӯйи хоҳиши падару модараш гирифтааст. Бо вуҷуди ин, барои нигоҳ доштани оила сабр кардам. Ҳамаи мушкилиҳои зиндагиро таҳаммул намуда, барои фарзандонам зиндагӣ мекардам.

Шавҳарам баъдтар барои муҳоҷирати меҳнатӣ ба хориҷи кишвар рафт. Дар аввал занг мезад, аз аҳволи мо мепурсид, вале баъд тамоман беному нишон шуд. Ман дигар умедамро аз ӯ канда будам. Барои калон кардани фарзандонам шабу рӯз меҳнат мекардам. Бо маблағи ҷамъкардаам мағозаи хурде кушодам ва зиндагиро пеш мебурдам.

Як рӯзи сарди зимистон барои харидани мол ба Душанбе рафта будам. Ҳангоми бозгашт нақлиёти мусофиркаш набуд. Мошини шахсӣ истод ва гуфт, ки ба ҳамон самте меравад, ки ман меравам. Дар дохили мошин як ҷавон ва як духтари дигар низ нишаста буданд. Бинобар ин, бепарво савори он мошин шудам.

Дар роҳи ноҳия он ҷавондухтар бо мард фаромаданд. Ман бо ронанда мондам. Маро вақте ба хона овард, ки шом шуда буд. Гуфт “Апаҷон, имкон бошад дар хонаатон таҳорат карда намоз хонам”. Розӣ шудам. Ҳамсояҳо инро тамошо мекардаанд. Он ҷавон зуд таҳорат карда намозашро хонд ва баромада рафт, вале дар деҳа номи ман бад шуд. 

“Шавҳараш дар хориҷа худаш бо таксистҳо кайфу сафо дорад” – мегуфтанд. 

Баъди ин туҳмат моҳҳо аз хона намебаромадам, шабҳо хобам намебурд ва ҳатто ба фарзандонам дуруст таваҷҷуҳ карда наметавонистам. Падараму модарам тағйир ёфтани ҳолати рӯҳии маро медиданд, аммо сабабашро намедонистанд. Ман бошад, ҷуръати гуфтани ҳақиқатро надоштам. Метарсидам, ки ба ҷойи ҳамдардӣ маро гунаҳкор мекунанд.

Бо гузашти вақт худро маҷбур кардам, ки дубора ба зиндагӣ баргардам. Ба хотири фарзандонам боз корро оғоз кардам. Фикр мекардам, ин сирро то охири умр дар дилам нигоҳ медорам.

Аммо ҳоло мушкили дигар пеш омадааст. Шавҳарам баъди солҳои дароз занг зада, мегӯяд, ки мехоҳад ману фарзандонам назди ӯ равем. Намедонам чӣ кор кунам. Аз як тараф, фарзандонам ба падар ниёз доранд. Аз тарафи дигар, метарсам, ки агар ҳақиқатро фаҳмад, зиндагии мо тамоман вайрон мешавад. Боз ҳам аз ин бештар аз он метарсам, ки тамоми гуноҳро ба гардани ман бор мекунанд, дар ҳоле ки ман худ қурбонии овозаву туҳмат шудаам.

ЗАЪФАРОН

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД