sebiston july new
Комилҷон Зарипов: Падарам зидди сароянда шуданам буданд
15.06.2024
ОИЛА.ТҶ
1090

Ин навбат бо ҳунарманди хубу боистеъдодамон Комилҷон Зарипов ҳамсуҳбат шудем. Дар давоми суҳбати чанддақиқагӣ аз интихоби роҳи душвору норозигии падар, то ободкунии маъракаҳо бо қиблагоҳ, аз вазъи шоу-биснеси тоҷик то танбалии сарояндагон, аз интихоби матну ҳамкорӣ бо соҳибкасбҳо то роҳи ягонаи даромад аз санъат ҳарф задем...

- Комилҷон, суҳбатамонро аз саволи маъмулие, ки ҳамагон мехоҳанд аз як сароянда пурсанд, шуруъ мекунем. Феълан банди кадом корҳо ҳастед ва оё ба наздикиҳо бо ягон суруди нав мухлисонатонро шод мекунед?

- Дар ҳоли ҳозир болои як суруди мардумӣ, ки фикр мекунам, писанди хотири мухлисонам мегардад, кор карда истодаам ва насиб карда бошад, ба наздикӣ бо намоҳангаш пешкаш мегардад.

- Анъана шудааст, ки сарояндагон дар аввали роҳ суруду клипҳои зиёд таҳия мекунанд ва ҳамин, ки шинохта шуданд, камфаъол мегарданд. Чаро чунин аст?

- Фикр мекунам, ин раванд дар бисёр соҳаҳо чунин аст. Яъне, дар аввал барои ном кор мекунем, баъд барои нон. Дар мисоли худам бошад, бояд бигӯям, ки ман ҳам зиёд фаъол нестам, балки мехоҳам мухлисонам ташнаи суруди нав шаванд ва ҳамин, ки инро дарк кардам, таҳия мекунам, зеро бисёри бад ҳам ба дил мезанад. Беҳуда нагуфтаанд, ки “шакарро камаш беҳтар”.

- Дар як сол чанд суруд нашр мекунед?

- Тибқи нақшаи пешакиам дар як сол то чор суруд бо намоҳанг пешниҳод мекунам.

- Барои таҳияи як суруд тақрибан чанд сомонӣ масраф мешавад?

- Шахсан барои таҳияи сурудҳои худам аз 500 то 2000 ҳазор доллар харҷ мекунам.

- Медонем, ки сарояндагони дигар кишварҳо аз рӯйи нашри сурудҳояшон дар платформаҳои гуногун маблағи хуб кор мекунанд. Чаро ин корро сарояндагони худамон намекунанд?

- Хушбахтона, роҳҳои зиёди даромад ёфтан аз сарояндагӣ вуҷуд дорад, аммо то он ки аз онҳо ба таври бояду шояд истифода барем, каме вақт лозим аст. Ҳоло бошад, санъаткорони мо аз тӯй ва маъракаҳо фоида ба даст меоранд.

- Умуман сарояндагӣ кадом ҷиҳатҳои мусбат ва манфӣ дорад?

- Ба андешаи ман паҳлуи мусбат он аст, ки дар хизмати мардум ҳастем ва то қадри имкон заҳматамон қадр карда мешавад. Паҳлуи манфӣ бошад, албатта сарфу харҷи шахсӣ ва эҷодӣ хеле зиёд мешавад.

- Чӣ гуна шуд, ки шумо роҳи душвори санъатро интихоб кардед?

- Ман, ки дар оилаи санъаткор Ҳунарманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қобилҷон Зарипов таваллуд шудаам, фикр мекунам ин соҳа ягона роҳи дар пеш истодаам буд. Зеро бо мусиқӣ мехуфтаму мехестам, роҳ мегаштаму кор мекардам, бозӣ мекардаму истироҳат менамудам...

- Дар пайраҳаи тайкардаатон монеаҳо буданд?

- Бо вуҷуди он ки сабаби дар дили ман роҳ ёфтани санъат падари бузургворам ҳастанд, бояд бигӯям, ки дар аввали ин роҳ он кас зид буданд. Ҳеҷ намехостанд, ки ман сароянда шавам ва умрамро ба ин соҳа бахшам. Шукри Парвардигор, бо гузашти вақт он кас ҳис карданд, ки санъат дар вуҷуди ман аст ва аз таҳти дил ин касбро дӯст медорам. Бо дуои падар оғоз кардем ва ҳоло дар маъракаҳои хурсандии мардум ҳамроҳ хизмат мекунем.

- Шуморо дар тӯйҳо доимо дар бари падаратон мебинем. Оё мушкил нест бо падар суруд хондан?

- Албатта, ман мақсади саволро фаҳмидам, яъне бисёр вақт муносибати падар бо писар дар доираи қолабест ва аксаран фарзандон худро пурра назди волидон нишон дода наметавонанд. Барои ман ҳам дар аввал то андозае мушкил буд, лекин ҳозир боиси ифтихорам аст, ки дар паҳлуи падарам суруд мехонам.

- Ба андешаи шумо ҳоло шоу-бизнеси тоҷик дар кадом вазъ қарор дорад?

- Фикр дорам, ки вазъи шоу-бизнеси тоҷик миёна аст ва барои хубу олӣ шуданаш бисёр заҳмат кашидан лозим меояд.

- Чанд сол шуд дар саҳнаи калон ҳастед?

- Аввалин маротиба якуми январи соли 2000 ба саҳна баромада будам. Лекин аввалин консертамро соли 2012 ҳамроҳи падарам ташкил карда будам, ки он ҷо ҳамчунин ба ман дуо дода буданд.

- То имрӯз чанд суруд ва албом омада кардед?

- Шумораи сурудҳоямро ҳисоб накардаам, аммо бояд бигӯям, ки то ҳол панҷ барномаи консертӣ баҳри мухлисонам пешкаш кардаам.

- Бо кадом шоирон ҳамкорӣ мекунед?

- Бо устод Хайрандеш, Ҳасани Чилла, Озари Ориф ва дигарон ҳамкорӣ доам.

- Доир ба шеър, оҳанг ва клипи қимматтаринатон бигӯед. Яъне, гаронтарин суруди шумо кадом аст ва чанд сомонӣ ё доллар харҷ кардаед?

- Намоҳанги аз ҳама гаронтаринам ин таронаи “Нимта нон” аст, ки дар он зиёда аз ду ҳазор доллар харҷ шудааст.

- Тақлидро меписандед?

- Агар шахс аз уҳдаи тақлид баромада тавонад, ин ҳеҷ бадие надорад.

- Шумо сурудҳои кадом овозхонҳои тоҷикро гӯш мекунед?

- Сурудҳои падарам, Абдулло Султон, Қурбоналӣ Абдуллоев ва устод Ҷурабек Муродовро гӯш мекунам.

- Санъат ба шумо чӣ дод?

- Ҳам ном ва ҳам нон.

- Чанд сол пеш вақти симкортхарӣ шуморо дар яке аз марказҳои хизматрасонии ширкати мобилии Вавилон дида будам. Шумо чӣ ихтисос доред ва оё ҳоло ҳам берун аз овозхонӣ кор мекунед?

- Бале, ман аз соли 2011 то инҷониб дар ин ширкат ба ҳайси менеҷери шуъбаи шикоятҳо фаъолият мекунам.

- Чанд маротиба аз интихоби сарояндагӣ пушаймон шудаед?

- Албатта, фикрҳо баъзан пайдо мешаванд, аммо ҷиддӣ ва ба таври қатъӣ ҳеҷ гоҳ пушаймон нашудаам ва тасмими тарк кардани ин соҳаро ҳам нагирифтаам.

- Оё меарзад, ки пурра умратонро ба сарояндагӣ бахшед?

- Инро вақт нишон медиҳад.

- Аз суҳбат бо шумо хурсанд шудем.

- Ман ҳам ҳамчунин.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД