goodwell
Конфронс дар мавзуи рақамикунонии низоми андоз дар Академияи идоракунии давлатӣ
15.05.2026
Oila.tj
40

Имрӯз, 15-уми майи соли 2026 дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори кафедраи идоракунии молияи давлатӣ ва иқтисоди рақамӣ конфронси ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ дар мавзуи «Рақамикунонии низоми андоз ҳамчун омили самаранокии молияи давлатӣ» баргузор гардид.

Дар кори конфронс олимону муҳаққиқон, намояндагони мақомоти давлатӣ, профессорону омӯзгорон, докторантон, унвонҷӯён ва магистрантон иштирок намуданд.

Конфронс бо мақсади баррасии масъалаҳои рақамикунонии низоми андоз, такмили маъмурикунонии андоз, рушди молияи давлатӣ дар шароити иқтисоди рақамӣ ва истифодаи технологияҳои муосир дар идоракунии давлатӣ баргузор гардида, ба яке аз майдонҳои муҳими мубодилаи афкори илмӣ табдил ёфт.

Қисмати ифтитоҳии чорабинӣ бо сухани номзади илмҳои таърих, дотсент Карамалишоев Карамалишо Нуралишоевич, ноиби ректори Академия оид ба илм ва инноватсия оғоз гардида, зимни баромад аҳамияти рақамикунонии низоми андоз ҳамчун механизми муҳими баланд бардоштани самаранокии молияи давлатӣ ва шаффофияти идоракунӣ таъкид карда шуд.

Дар ҷаласаи пленарӣ олимону мутахассисони соҳа доир ба масъалаҳои рушди иқтисоди рақамӣ, хизматрасониҳои электронии андозӣ, андозбандии байналмилалӣ, иқтисоди “сабз”, рақамикунонии молияи давлатӣ ва такмили сиёсати андозӣ маърӯзаҳои илмӣ пешниҳод намуданд.

Ҳамчунин, дар бахшҳои илмии конфронс зиёда аз 40 маърӯза ва мақолаҳои илмӣ вобаста ба масъалаҳои рақамикунонии низоми андоз, идоракунии рақамӣ, сиёсати молиявию буҷетӣ, рушди соҳибкорӣ ва технологияҳои рақамӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Дар доираи конфрос маҷмӯаи маводи конфронси ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ таҳти унвони «Рақамикунонии низоми андоз ҳамчун омили самаранокии молияи давлатӣ» ба табъ расид, ки мақолаҳои илмии олимону муҳаққиқони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишварро дар бар мегирад.

Дар анҷоми чорабинӣ иштирокчиён оид ба густариши истифодаи технологияҳои рақамӣ, рушди хизматрасониҳои электронии давлатӣ, баланд бардоштани шаффофияти молиявӣ ва таҳкими ҳамкории илм бо амалия пешниҳодҳои судманд ироа намуданд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД