Formula novemver 2024
Кордкашии Мугамбо ва Дон Жуан барои пул
3665



Мугамбо ва Дон –Жуан барои пул ҷанҷол карда, ба сӯйи ҳамдигар корд кашидаанд!-Ин овоза барқсон дар сар то сари шаҳр паҳн гашт.

Бовар кардан душвор буд, ки ду ҷавони ҳунарманд метавонанд корд ба даст гирифта, қасди ҷони якдигар намоянд, аммо дар ин замона барои пул чи корҳое, ки намешавад. Бародар бародарро мекушаду чи ҷойи ҳамкору ҳамкасб.

Барои фаҳмидани ҳақиқати ҳол мо ба Дӯстмурод Шарипов, ки бо лақаби Дон-Жуан машҳур аст, занг задем.

-Салом бародар! Мебахшед, ман метавонам боДӯстмурод Шарипов сӯҳбат кунам?

-Салом хоҳарҷон. Ман Дӯстмурод. Ягон хизмат буд?

 -Ман Шабнам, аз сомонаиОила-ТЧ. Вақтҳои охир камнамо шудаед. Саоматиатон хуб аст?

-Шукри Оллоҳ сиҳату саломат ҳастем,в але камтар серкор.

-Магар боз ягон филми нав ба навор гирифта истодаед?

-Бале, як филми романтикӣ ба навор гирифта истодаем.

-Каҳрамонони филм боз Гургалӣ ваҶаха- плюс?

-Неееее. (Механдад). Ба ғайр аз ману Гургалӣ дар ин филм боз чанд нафар ҳунармандони шинохтаи тоҷик нақш мебозанд.

-Махфӣ набошад мегуфтед, ки филми «Домод дар иҷора» ба шумо чӣ қадар фоида овард?

-Мо бо Ютуб шартнома баста будем ва ин канал ба мо ҳанӯз пеш аз ба навор гирифтани филм $2000 дода буд. Ба ғайр аз тамоми хароҷотҳо ин филм 40000 сомонӣ фоидаи соф овард.


Илтимос, ҳамин гапро дар ягон ҷойи дигар нагӯед, ки агар занам фаҳмад, дар пӯсти ман коҳ ҷой мекунад! (Механдад)


 

-Духтарҳо ба мардони машҳур мисли магас ба асал мечаспанд. Мегӯянд, ки як маъшуқаи Дон-Жуан ҳомиладор шудааст ва ҳамсаратон аз ин хабар ёфта, он духтарро зери мушту лагад гирифтааст...

-Наход?! Зани ман ин қадар зӯр набуд-ку! (Механдад) Албатта, ин танҳо як овоза аст. Ман оиладор, соҳиби ду духтарчаи нозанин ҳастам бо номҳои Сумая ва Сабрина. Ҳамсарамро дӯст медорам. Фарзанд аз ягон зани дигар бароям лозим нест.

-Боз мегӯянд, ки Дӯстмуродро як зани сарватманд сарпарастӣ мекунад?

-Ман канали худро дар Сомонаи Ютуб дорам ва сарпарастам ана ҳамин каналам мебошад. Ниёз ба пули ягон зан надорам. Миннати касеро шунидан намехоҳам.

-Дӯстмурод, росташро гӯям, мо ба хотири як гапи дигар ба шумо занг задем. Вале метарсам, ки бо шунидани ин хабар нороҳат нашавед...

-Пурсидан гиред, мо ба овозаҳо одат кардаем.

-Мегӯянд, ки Шумо аз рӯйи пул бо Мугамбо даст ба гиребон шуда, кордкашӣ кардаед...

-Худо нигоҳ дорад! Ману Мугамбо дӯсту бародар ва қариб ҳар рӯз якҷояем. Аслан Мугамбо шогирди ман аст. Ҳанӯз соли 2006 ӯ маро ба тӯйи домодиаш даъват карда, гуфта буд, ки ман мухлиси шумо ҳастам. Аввалин саҳначаи ҳаҷвии якҷояамонро мо дар тӯйи Мугамбо бозидем ва аз ҳамон вақт мисли акаву додар ҳастем.

-Яъне, байнатон барои пул ҷанҷол нашудааст?

лбатта пул бародарро аз бародар ҷудо мекунаду хушбахтона байни мо то имрӯз аз рӯйи пул моҷаро сар назадааст.

-Ташаккур, ки ба бисёр овозаҳо равшанӣ андохтед.

-Саломат бошед!

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД