arzon replenishment
Корҳои сохтмонии муассисаҳои тандурустӣ дар Рашту Тоҷикобод оғоз шуд
02.05.2025
Oila.tj
288

Бо мақсади аз наздик шиносоӣ пайдо намудан аз рафти хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, ҷараёни корҳои сохтмонӣ ва ободониву созандагӣ дар муассисаҳои тандурустӣ муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Абдухолиқ Амирзода ба ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод сафари корӣ анҷом додааст.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар, дар доираи сафарӣ корӣ бо иштироки муовини вазир Абдухолиқ Амирзода дар деҳаи Зарангаки ҷамоати деҳоти Ҳиҷбораки ноҳияи Рашт сохтмони Бунгоҳи тиббӣ барои сокинони аз офати табиӣ зарардида низ оғоз гаштааст.

Ҳамзамон, корҳои сохтмонӣ дар Беморхонаи минтақавии Лангари шоҳ, Маркази саломатӣ дар ҳамин минтақа ва инчунин Бунгоҳи тиббӣ дар ҷамоати деҳоти Ғуломони ноҳияи Тоҷикобод низ баҳри дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои тиббӣ оғоз гардидаанд.

Зимни оғози корҳои сохтмонӣ муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Абдухолиқ Амирзода таваҷҷуҳи масъулинро барои дар сатҳу сифати баланд анҷом додани корҳои сохтмонӣ ва дар муҳлати муайянгардида ба истифода додани иншооти навбунёди тандурустӣ ҷалб намуда, ба онҳо дастуру супоришҳои мушаххас додааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД