Arzon march 2024
Коронавируси нав паҳн мешавад
937

 

Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ аз паҳншавии шакли нави короновирус хабар медиҳад. Дар Аврупо гирифторони ин вирус торафт зиёд шуда истодаанд.

Мария ван Керкхове, таҳлилгари созмони мазкур мегӯяд, сироятёбӣ аз ковид бошиддат идома дорад ва садҳо нафар дар давлатҳои Аврупо ба ин беморӣ гирифтор шуда истодаанд.

“Аз рӯи баҳогузории мо имрӯзҳо садҳо ҳазор беморон аз ин беморӣ ранҷ мекашанд”-гуфтааст ин намояндаи Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ.

Тибқи иттиллои Маркази аврупоии пешгирӣ ва назорати бемориҳо яке аз сабабҳои паҳншавии бемории ковид дар кишварҳои Аврупо ин сайру саёҳати хориҷиён ва паст шудани масъунияти бадани аҳолӣ мебошад.

Айни замон дар Аврупо намуди нави каронавирус бо номи “Перолла” паҳн шуда истодааст, ки ба омекрон монандӣ дорад. Вируси нав дар зиёда аз даҳ кишвари ҷаҳон, аз ҷумла дар Амрико, Британияи Кабир ва Олмон ба қайд гирифта шудааст. Дар Британия ба пиронсолон ва шахсоне, ки масъунияти баданашон паст аст, ваксинаҳои зидди коронавирус гузаронида истодаанд.

Тибқи омори охири Анастасия Ракова, муовини шаҳрдории Маскав мизони гирифторӣ ба COVID-19 дар Маскав ҳоло нисбат ба соли гузашта ҳашт маротиба камтар буда, шумораи умумии бистаришудаҳо аз ин беморӣ, яъне коронавирус дар пойтахт камтар аз 1 фисадро ташкил медиҳад. Аммо новобаста ба ин, дар Русия бар зидди ин беморӣ ваксина истеъсол кардаанд ва дар назар аст, ки тирамоҳи имсол воксинаҳо ба аҳолӣ гузаронида мешаванд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД