formula
Кулчақанд бо творог
927

 Маҳсулоти лозима:

600 грам – орд

300 грам – панири дилмашуда (творог)

200 мл – шир

2 дона – тухм

3 қошуқ – шакар

3 қошуқча – сметана

3 қошуқча – равғани растанӣ

Тарзи таҳия: Дар зарфе шир, 1 қошуқ шакар ва хамиртурӯш (дрожа) андохта, омехта мекунем ва болояшро пӯшонда, 15 дақиқа нигоҳ медорем. Пасон ба дарунаш 3 қошуқча равғани растанӣ, шакар, ним қошуча намак, 1 дона тухм, 2 қошуқ сметана меандозем ва ордро илова карда, хамир мешӯрем. Болояшро бо қоғази пергамент маҳкам карда, ним соат дам медиҳем.

Пас аз дам гирифтан хамирро ба 2 тақсим тақсим карда, зуволачаҳо мегирем. Дар зарфи дигар панири дилмашуда (творог), 2 қошуқ шакар, 3 қошуқ сметана рехта, хуб омехта мекунем.

Ба қолаб равған молида қоғази пергамент тунук мекунем ва зуволачаҳоро дар болояш тунук карда, бо стакон аз болояш зер мекунем. Пас аз ин, зардии тухм молида, бо қошуқ аз болояш малҳамро мемолем.

Кулчақандро дар тафдон дар ҳарорати 180 дараҷа тахминан 20 – 25 дақиқа то сурх шуданаш мепазем. Иштиҳои том!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД