arzon replenishment
Кумитаи меъморӣ журналистонро қадрдонӣ кард
230

Имрӯз дар Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки доираи васеъи хабарнигорон аз васоити гуногуни ахбори оммаи кишвар нишасти хабарӣ доир гашт.

Низом Мирзозода, раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони кишвар, дар бораи фаъолияти Кумита дар нимсолаи аввали соли 2023 маълумоти муфассал дода, аз ҷумла гуфт:

“Дар ин давра ба масоҳати 772 ҳазору 900 метри мураббаъ хонаҳои истиқоматӣ ба истифода дода шуда, ҳамзамон мактабҳои таҳсилоти умумӣ барои 4140 хонанда ва муассисаҳои томактабӣ барои 520 кӯдак бунёд ёфтаанд. Ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёди 28 ҳазору 51 иншоот ба нақша гиирфта шуда, аллакай 5 ҳазору 714 иншоот ба истифода дода шудааст”.

Дар посух ба саволи хабарнигорон дар боби тобоварии биноҳои навсохт ба зилзила раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмон гуфт, санҷиши биноҳои навбунёд дар Тоҷикистон моҳҳои феврал-марти соли равон, баъди заминларзаи шадиди харобиовар дар Туркия ва Сурия гузаронида шуда, 26 иншоот дар шаҳри Хуҷанд, 36 бино дар Бохтар ва тамоми иншоотҳои нави пойтахт, ки солҳои 2018-2022 сохта шуда, комиссияи давлатӣ онҳоро тасдиқ кардааст, санҷида шуданд.

"Санҷишҳо нишон доданд, ки биноҳои навбунёд дар шаҳри Душанбе, Хуҷанд ва Бохтар ба зилзила тобоваранд”, - гуфт раиси Кумита.

Мирзозода таъкид кард, ки тамоми биноҳои навбунёде, ки санҷида шуданд, мустаҳкам ва тобоварии онҳо ба зилзила қаноатбахш аст. Албатта аз тарафи баъзе ташкилотҳо ба баъзе камбудҳо роҳ дода шуда буд, вале ин камбудиҳо бартараф карда шуданд.

Дар фарҷом Кумитаи меъморӣ ва сохтмон бархе аз нашрияҳо ва васоити дигари ахбори оммаро барои ҳамкории судмандашон дар инъикоси фаъолияти кумита ва рафти корҳои меъморию сохтмонӣ дар ҷумҳурӣ ва пойтахт бо сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ намуд. Аз ҷумла рӯзномаҳои давлатии “Ҷумҳурият”, “Садои мардум”, “Мароми пойтахт”, “Народная газета”, Агентии миллии иттилоотии “Ховар” , “Телевизиони Сафина,” “ Ҷаҳоннамо” ва рӯзномаю маҷаллаҳои соҳавие, ки масъалаҳои меъморию сохтмонро пайгирӣ менамоянд, соҳиби туҳфа гаштанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД