Arzon march 2024
Кумитаи тафтишотии Россия зӯровариро нисбати тоҷикдухтар таҳқиқ мекунад
722


Александр Бастыркин, Раиси Кумитаи тафтишотии Русия ҳодисаи нохуши латукӯби духтари мактабхони тоҷикро дар яке аз муассисаҳои таълимии шаҳри Санкт-Петербург шахсан зери назорат гирифтааст.

Дар ин бора Кумитаи тафтишотии Россия хабар медиҳад.
Навори лутукӯби ин духтараки тоҷик дар мактаб аз ҷониби ду писари ҳамсинфаш ҳафтаи гузашта дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн гашта буд.

Дар навор дида мешавад, ки ду нафар писарон дар синфхона як духтараки ҳамсинфашонро латукӯб мекунанд.

Яке аз писарон ба пушти духтар бо мушт чунон сахт мезанад, ки духтарак нафасгир мешавад.
Яке аз хонандагон кӯшиш мекунад, ки монеъи латукӯби духтар аз ҷониби писарон гардад, вале талошҳояш чандон натиҷа намедиҳанд.

Дар навор зане низ дида мешавад, ки эҳтимол омӯзгор бошад, вале ӯ барои аз ҳам ҷудо кардани хонандагон қариб, ки коре намекунад...

Ин навор дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳсу мунозираҳои зиёдеро ба миён оварда, бо супориши Александр Бастыркин Кумитаи тафтишотии Россияба таҳқиқи ин ҳодиса шурӯъ кардааст.

Рафти тафтишотро худи Раиси Кумитаи тафтишотии Россия Александр Бастыркин зери назорат гирифтааст.
Гуфта мешавад, ки писарон барои амали норавои худ аз тоҷикдухтар бахшиш пурсидаанд. Таҳқиқи ҳодиса идома дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД