Commerce bank may-june 2026
Курси "Пайравони Пешвои миллат" дар соли таҳсили 2025-2026 ҷамъбаст шуд
137

Дар толори КВД "Шаҳри ҳушманд" маросими ҷамъбасти курси омӯзишии «Ҷавонон - пайравони Пешвои миллат» баргузор гардид. Дар курси омӯзишии “Пайравони Пешвои миллат” 150 нафар ҷавонони фаъоли муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҳудуди пойтахт ҷалб гардида, ба омӯзиш фаро гирифта шуданд ва давоми нӯҳ моҳи барномаи омӯзиширо аз худ намуданд.

Чорабинии мазкур бо иштироки намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қувватзода Сайдулло Зувайд, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Ташкилоти ҷамъиятии «Пайравони Пешвои миллат» Гулаҳмадзода Зулфиқор Аҳмад, роҳбарони як қатор вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва шунавандагони курс баргузор гардида, зимни он ба хатмкунандагон дар фазои тантанавӣ шаҳодатномаи хатм супорида шуд.

Маврид ба зикр аст, ки курси омӯзишӣ дар доираи нақшаи чорабиниҳои муштараки Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ташкилоти ҷамъиятии «Пайравони Пешвои миллат» аз соли 2019 инҷониб бо мақсади ҷалби ҷавонони соҳибистеъдоду соҳибмалака, омода намудани онҳо ҳамчун кадрҳои ҷавону содиқ ба Ватану миллат, омӯзонидани мактаби давлатдории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҷалби онҳо ба фаъолияти волонтёриву ҷамъиятӣ ва расонидани хизматрасониҳои алоқаманд дар чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалӣ роҳандозӣ гардида, барои ташаккули афкори сиёсӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷавонон мусоидат менамояд.

Саҳми аъзои Ташкилоти ҷамъиятии «Пайравони Пешвои миллат», ки қисми зиёди онҳоро хатмкунандагони ҳамин курс ташкил медиҳанд, дар чорабиниҳои муҳими давлатӣ назаррас мебошад.

Курси мазкур бо ҷалби ходимони давлатӣ, шахсиятҳои шинохта, роҳбарони вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, собиқадорони соҳаҳои гуногун ва соҳибкорони муваффақ дар давоми нӯҳ моҳ баргузор гардида, дар доираи ҷамъбасти Моҳвораи ҷавонон ба шунавандагони он шаҳодатномаи хатм супорида шуд.

Ҳамзамон, пас аз хатми курс ҷавонон ҳамчун кадрҳои омодашуда ба хизмати давлатӣ ва ҳарбӣ ҷалб гардида, дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа фаъолият менамоянд. Айни замон шумораи зиёди хатмкунандагони курс дар вазорату идораҳои кишвар ба ҳайси мутахассисони соҳибихтисос фаъолият дошта, дар пешрафти соҳаҳои гуногун саҳми арзандаи худро мегузоранд.

Чорабинӣ дар фазои идона, бо барномаи фарҳангии ватандӯстона ҷамъбаст гардид.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД